Қарори ҳукумати ҷумҳурии тоҷикистон аз 1 апрели соли 2002, № 145 "Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қарори ҳукумати ҷумҳурии тоҷикистон аз 15 маи соли 1999 № 218"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 маи соли 1999 № 218

Бинобар қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дохил кардани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 маи соли 1999 № 218 "Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои иқомати шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қоидаҳои убури транзитии шаҳрвандони хориҷӣ аз тариқи қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон" тағйироту иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Ба Қоидаҳои иқомати шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон:

Банди 6 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"6. Назорат аз болои риоя гардидани талаботи ҳамин Қоидаҳоро Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкории муштарак бо мақомоти амният ва корҳои дохилӣ ба роҳ мемонад."

Банди 9 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"9. Раводидҳои омад ба Ҷумҳурии Тоҷикистон (омад) ва раводидҳои омад ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ғ рафт аз Ҷумҳурии Тоҷикистон (омаду рафт) ба шаҳрвандони хориҷӣ аз тарафи Вазорати корҳои хориҷӣ, сохторҳои дар хориҷа будаи он, инчунин сафоратхонаву муассисаҳои консулии давлатҳои хориҷие, ки бо онҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон шартномаи дахлдор бастааст ва дар асоси дархостҳои намунаи муқарраршудаи раводид, ки Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ кардааст, дода мешавад".

Дар банди 10:

дар сархати якум калимаҳои "Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсатҳои корҳои дохилии ҳукуматҳои ВМКБ, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе" хориҷ карда шавад;

дар сарсатри дуюм калимаҳои "ва мақомоти корҳои дохилии" хориҷ карда шавад.

Дар банди 11 калимаҳои "ва Вазорати корҳои дохилӣ" хориҷ карда шуда калимаи "амон" ба калимаи "ҳатман" иваз карда шавад.

Дар банди 14 калимаҳои "Вазорати корҳои дохилӣ" хориҷ карда шуда, калимаи "мекунанд" ба калимаи "мекунад" иваз карда шавад.

...

ПРАВИТЕЛЬСТВО РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О внесении изменений и дополнений в Постановление Правительства Республики Таджикистан от 15 мая 1999 года № 218

В связи с принятием Закона Республики Таджикистан "О внесении изменений в Закон Республики Таджикистан "О правовом положении иностранных граждан" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

Внести в постановление Правительства Республики Таджикистан от 15 мая 1999 года № 218 "Об утверждении Правил пребывания иностранных граждан в Республике Таджикистан и Правил транзитного проезда иностранных граждан через территорию Республики Таджикистан" следующие изменения и дополнения:

1. В Правила пребывания иностранных граждан в Республике Таджикистан:

Пункт 6 изложить в следующей редакции:

"6. Контроль за соблюдением настоящих Правил осуществляют Министерство иностранных дел Республики Таджикистан во взаимодействии с органами безопасности и внутренних дел".

Пункт 9 изложить в следующей редакции:

"9. Визы на въезд в Республику Таджикистан (въездные) и визы на въезд в Республику Таджикистан - выезд из Республики Таджикистан (въездные-выездные) иностранным гражданам выдаются Министерством иностранных дел Республики Таджикистан, его заграничными подразделениями, а также посольствами и консульскими учреждениями иностранных государств, с которыми Республика Таджикистан имеет соответствующие соглашения и на основании визовых запросов установленного образца, утвержденных Министерством иностранных дел Республики Таджикистан".

В пункте 10:

в абзаце первом слова "Министерство внутренних дел, Управлениями внутренних дел Хукуматов ГБАО , областей и г.Душанбе" исключить;

в абзаце втором слова "и органами внутренних дел" исключить.

В пункте 11 слова "и Министерство внутренних дел Республики Таджикистан" исключить.

В пункте 14 слова "Министерство внутренних дел Республики Таджикистан" исключить, а слово "решают" заменить словом "решает".

...