Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи масъалаҳои Нерӯгоҳи барқи обии хурди "Ванҷ"
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.12.2014 № 752)
Мутобиқи моддаҳои 211, 343 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 345 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" ва бо мақсади амалӣ гардонидани "Барномаи дарозмуддати бунёди силсилаи нерӯгоҳҳои хурди барқӣ дар давраи солҳои 2009-2020", ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 феврали соли 2009, №73 тасдиқ гардидааст, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Ба банди 1 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2008, №369 "Дар бораи объектҳои махсусан муҳим" зербанди 23 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"23) Нерӯгоҳи барқи обии хурди "Ванҷ".
2. Номгӯи таҷҳизот, молҳо ва дигар ашёе, ки воридоти онҳо барои сохтмони мазкур зарур аст, тибқи замима тасдиқ карда шавад.
3. Фармоишгари сохтмони мазкур Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Ориён ГЭС" ва Пудратчии генералии он Ҷамъияти дорои маъсулияти маҳдуди "Анвар и компания" тасдиқ карда шаванд.
4. Давраи сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии хурди "Ванҷ" солҳои 2012-2014 муайян карда шавад.
5. Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барасмиятдарории саривақтии гумрукии молҳои барои сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии хурди "Ванҷ" воридшавандаро мутобиқи замима таъмин намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 31 августи соли 2012, № 457
ш. Душанбе
Замима
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 31 августи соли 2012, № 457
Номгӯи таҷҳизот, молҳо ва дигар ашёе, ки соли 2012 барои сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии "Ванҷ" ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда мешаванд
Ниг. ба замима