Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 майи соли 2012, № 281 "Дар бораи таъсиси Шӯрои мушоҳидавии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба татбиқ ва назорати ҷараёни таҷдиди сохтори Ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи таъсиси Шӯрои мушоҳидавии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба татбиқ ва назорати ҷараёни таҷдиди сохтори Ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик"

Мутобиқи моддаи 14 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва бо мақсади назорати ҷараёни амалисозии Нақшаи инфиродии таҷдиди сохтори Ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик" барои солҳои 2011-2018, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2011, №431 тасдиқ шудааст, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Ҳайати Шӯрои мушоҳидавии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба татбиқ ва назорати ҷараёни таҷдиди сохтори Ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик" тасдиқ карда шавад (замимаи 1).

2. Низомномаи Шӯрои мушоҳидавии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба татбиқ ва назорати ҷараёни таҷдиди сохтори Ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик" тасдиқ карда шавад (замимаи 2).

3. Шӯрои мушоҳидавии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар нимсола оид ба ҷараёни таҷдиди сохтори Ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик" ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд.

4. Вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои иҷрои қарорҳои қабулнамудаи Шӯрои мушоҳидавии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат намоянд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

аз 31 майи соли 2012, № 281

ш. Душанбе

аз 31 майи соли 2012, № 281

ш. Душанбе

Замимаи 1

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 31 майи соли 2012, №281

тасдиқ шудааст

...

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

Об образовании Наблюдательного совета при Правительстве Республики Таджикистан по реализации и контролю хода реструктуризации Открытой акционерной холдинговой компании "Барки Точик"

В соответствии со статьей 14 Конституционного закона Республики Таджикистан "О Правительстве Республики Таджикистан" и в целях реализации и контроля хода реструктуризации Открытой акционерной холдинговой компании "Барки Точик" на 2011-2018 годы по Индивидуальному плану, утверждённому постановлением Правительства Республики Таджикистан от 30 августа 2011 года, №431, Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Утвердить состав Наблюдательного совета при Правительстве Республики Таджикистан по реализации и контролю хода реструктуризации Открытой акционерной холдинговой компании "Барки точик" (Приложение 1).

2. Утвердить прилагаемое Положение Наблюдательного совета при Правительстве Республики Таджикистан по реализации и контролю хода реструктуризации Открытой акционерной холдинговой компании "Барки Точик" (Приложение 2).

3. Наблюдательному совету при Правительстве Республики Таджикистан каждое полугодие представлять информацию о ходе реализации реструктуризации Открытой акционерной холдинговой компании "Барки Точик".

4. Министерствам, ведомствам и местным исполнительным органам государственной власти способствовать выполнению принятых решений Наблюдательного совета при Правительстве Республики Таджикистан.

Председатель

Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

Председатель

Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

от 31 мая 2012 года №281

г. Душанбе

от 31 мая 2012 года №281

г. Душанбе

Приложение 1

Утвержден постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 31 мая 2012 года, № 281

...