Замимаи 2
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 31 майи соли 2012, №281
тасдиқ шудааст
НИЗОМНОМАИ Шӯрои мушоҳидавии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба татбиқ ва назорати ҷараёни таҷдиди сохтори Ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик"
1. Муқаррароти умумӣ
1. Шӯрои мушоҳидавии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба татбиқ ва назорати ҷараёни таҷдиди сохтори Ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик" (минбаъд - Шӯрои мушоҳидавӣ) дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи банди 1 Нақшаи инфиродии таҷдиди сохтори Ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик" барои солҳои 2011-2018, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2011, №431 тасдиқ шудааст, таъсис дода шудааст.
2. Низомномаи мазкур ваколатҳои Шӯрои мушоҳидавӣ, мақоми он, принсип, мақсади фаъолият, низоми ташкили ҳамкорӣ бо мушовирони байналмилалӣ ва дигар вазорату идораҳои манфиатдорро муайяи менамояд.
3. Шӯрои мушоҳидавӣ мақоми машваратӣ буда, роҳбарии умумиро дар татбиқи амалӣ ва назорати иҷрои Нақшаи инфиродии таҷдиди сохтори Ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик" барои солҳои 2011-2018-ро (минбаъд - Нақшаи инфиродӣ) амалӣ менамояд ва ҳар нимсола аз натиҷааш ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод менамояд.
4. Ҳайати Шӯрои мушоҳидавӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
5. Тағйиру иловаҳо ба Низомномаи мазкур ва ҳайати Шӯрои мушоҳидавӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистои ворид карда мешаванд.
2. Мақсади фаъолият ва салоҳияти Шӯрои мушоҳидавӣ
6. Шӯрои мушоҳидавӣ дар фаъолияти худ талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ ва Низомномаи мазкурро ба роҳбарӣ мегирад.
...