ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ НИЗОМИ ИҶОЗАТДИҲӢ
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2011, №7-8, мод.606; с.2012, №4, мод.252, №7, мод.686, №12, қ.1, мод.1024; с.2014, №7, қ.2, мод.400, №12, мод.824; с.2015, №11, мод.957, №12, қ.1, мод.1113; с.2016, №5, мод.364, №7, мод.618; с.2019, №4-5, мод.218; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2020, №1666)
(Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 802, аз 03.07.2012 № 836, аз 28.12.2012 № 931, аз 26.07.2014 № 1103, аз 31.12.2014 № 1170, 23.11.2015 № 1236, аз 25.12.2015 № 1267, аз 14.05.2016 № 1313, аз 23.07.2016 № 1340, аз 4.04.2019 № 1590, аз 2.01.2020 № 1666, аз 04.07.2020 № 1703, аз 23.12.2021 № 1821, аз 18.03.2022 № 1863)
(Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 802, аз 03.07.2012 № 836, аз 28.12.2012 № 931, аз 26.07.2014 № 1103, аз 31.12.2014 № 1170, 23.11.2015 № 1236, аз 25.12.2015 № 1267, аз 14.05.2016 № 1313, аз 23.07.2016 № 1340, аз 4.04.2019 № 1590, аз 2.01.2020 № 1666, аз 04.07.2020 № 1703, аз 23.12.2021 № 1821, аз 18.03.2022 № 1863)
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва иқтисодии низоми иҷозатдиҳӣ, номгӯи истиснои фаъолиятҳои дар асоси иҷозати мақоми ваколатдори давлатӣ амалишаванда, тартиби додани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳиро ба субъектҳои фаъолияти соҳибкорӣ муайян намуда, шаклҳои ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳиро муқаррар карда, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, муҳити зист ва амнияти давлатро таъмин менамояд.
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
"- ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ - ҳуҷҷати маъмурии дорои хусусияти иҷозатдиҳиест, ки аз ҷониби мақомоти иҷозатдиҳанда ба шахси ҳуқуқӣ ва соҳибкори инфиродӣ барои пешбурди фаъолият ё амали муайян, бо нишон додани мӯҳлати он, бо риояи ҳатмии шартҳои иҷозатдиҳӣ дар намуди иҷозат, сертификат, хулоса, тасдиқи санад, мувофиқакунӣ, шаҳодатнома, аттестат, рухсатнома, бақайдгирӣ, супориш ва қарор, ба истиснои иҷозатнома (литсензия), дода мешавад ;
- низоми иҷозатдиҳӣ - маҷмӯи расмиёти танзимкунандаи фаъолияти соҳибкорӣ аз ҷониби мақомоти иҷозатдиҳанда, ки ба додан, азнавбарасмиятдарорӣ, боздоштан, барқарор намудани амал ва бекор кардани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ, додани нусхаи дуюми (дубликати) ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ, пешбурди Феҳристи ягонаи давлатии электронии ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ ва феҳристи ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ, назорати риояи шартҳои иҷозатдиҳӣ аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ, додани амрномаҳо оид ба бартараф намудани вайронкунии ин шартҳо алоқаманд мебошанд ;
- шартҳои иҷозатдиҳӣ - маҷмӯи талабот ва шартҳои муқаррарнамудаи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷро намудани онҳо аз ҷониби аризадиҳанда зимни гирифтани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ва (ё) дорандаи ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ҳангоми амалӣ кардани намуди дахлдори фаъолияти соҳибкорӣ ҳатмӣ мебошад ;
- мақоми иҷозатдиҳанда - мақоми ваколатдори давлатие, ки тибқи Қонуни мазкур ҳуқуқи додани ҳуҷҷати иҷозатдиҳиро дорад;
...