Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 июли соли 2014, № 1103 "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ НИЗОМИ ИҶОЗАТДИҲӢ"

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 августи соли 2011 "Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2011, №7-8, мод. 606; с. 2012, №4, мод. 252, №7, мод. 686, №12, қ. 1, мод. 1024) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Дар сархати нуҳуми қисми 5 моддаи 10 калимаҳои "қатъ намудани" ба калимаҳои "беэътибор донистани" иваз карда шаванд.

2. Дар қисми 1 моддаи 15 калимаи "мувофиқ" ба калимаи "дахлдор" иваз карда шавад.

3. Дар қисми 2 моддаи 18 калимаи "тавзеҳнома" ба калимаҳои "маълумотномаи асосноккунанда" иваз карда шавад.

4. Аз банди 6) қисми 1 моддаи 20 калимаҳои "ва тавсияҳо" хориҷ карда шаванд.

5. Дар моддаи 29:

- сархати сеюми банди 7) дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"- шаҳодатномаи тахассусии аудиторӣ.";

- банди 14 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"14) Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ:

- супориши меъморию банақшагирии объектҳои дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва стратегӣ, ки номгӯи онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намудааст;

- иҷозат барои оғоз намудани корҳои сохтмонӣ дар объектҳои дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва стратегӣ, ки номгӯи онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намудааст.";

- дар банди 15):

...

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ И ДОПОЛНЕНИЙ В ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН "О РАЗРЕШИТЕЛЬНОЙ СИСТЕМЕ"

Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан от 2 августа 2011 года "О разрешительной системе" (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2011 г., №7-8, ст. 606; 2012 г., №4, ст. 252, №7, ст. 686, №12, ч. 1, ст. 1024) следующие изменения и дополнения:

1. В части 2 статьи 18 слова "пояснительной записки" заменить словами "справки-обоснования".

2. Из пункта 6) части 1 статьи 20 слова "и рекомендации" исключить.

3. В статье 29:

- абзац третий пункта 7) изложить в следующей редакции:

"- квалификационный аттестат аудитора.";

- пункт 14 изложить в следующей редакции:

"14) Уполномоченным государственным органом в области архитектуры и градостроительства:

- архитектурно-планировочное задание на объекты, имеющие республиканское и стратегическое значение, перечень которых утвержден Правительством Республики Таджикистан;

- разрешение на начало строительных работ на объектах, имеющих республиканское и стратегическое значение, перечень которых утвержден Правительством Республики Таджикистан.";

- в пункте 15):

- в абзаце первом знак точки заменить знаком точки с запятой

- дополнить абзацем вторым следующего содержания:

...