Замимаи 1
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 марти соли 2007 № 108
тасдиқ шудааст
Замимаи 1
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 марти соли 2007 № 108
тасдиқ шудааст
Низомномаи Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи алоқа ва иттилоотонӣ
1. Муқаррароти умумӣ
1. Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи алоқа ва иттилоотонӣ (минбаъд - Хадамот) мақоми ҳокимияти иҷроия буда, иҷозатномадиҳӣ, танзими соҳаи алоқа ва иттилоотониро амалӣ менамояд ва назорати давлатии субъектҳоеро, ки ба фаъолияти хоҷагидорӣ дар соҳаи алоқа ва иттилоотонӣ машғуланд, сарфи назар аз шакли моликияташон, анҷом медиҳад.
2. Хадамот дар нақшаи идоракунии Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.
3. Хадамот дар фаъолияти худ ҳамин Низомнома, инчунин дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии марбути соҳаи алоқа ва иттилоотониро ба роҳбарӣ мегирад.
4. Хадамот фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо Комиссияи давлатӣ оид ба радиобасомадҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ ба амал мебарорад.
2. Вазифаҳо
4. Бо мақсади танзим ва назорати фаъолият дар соҳаи алоқа ва иттилоотонӣ Хадамот вазифаҳои зеринро иҷро менамояд:
...