Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 14.09.2012 № 493)
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 14.09.2012 № 493)
Мутобиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 феврали соли 2011, № 1026 "Дар бораи такмили минбаъдаи сохтори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон", Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1) Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи алоқа ва иттилоотонӣ ва Сарраёсати алоқа ва иттилоотонии собиқ Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шавад.
2) Низомнома, Сохтори Дастгоҳи марказӣ, Нақшаи идоракунӣ ва Номгӯи корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои системаи Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад (замимаҳои 1, 2, 3, 4).
3) Шумораи ниҳоии кормандони Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 60 воҳид (бе ҳайати хизматрасон), аз ҷумла Дастгоҳи марказӣ ба миқдори 48 воҳид (бе ҳайати хизматрасон) муқаррар карда шавад ().
4) Ба Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шавад, ки ду муовини Сардор ва ҳайати мушовара иборат аз 5 нафар дошта бошад.
5) Ба Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лимити автомашинаҳои сабукрави хизматӣ ба миқдори 8 адад, аз ҷумла барои Дастгоҳи марказӣ ба миқдори 4 адад муқаррар карда шавад.
6) Маблағгузории Дастгоҳи марказии Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти дар Нақшаи идоракунии Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон номбаршуда аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва дигар маблағҳо дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода шавад.
...