ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мутобиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1.Низомнома, Сохтори дастгоҳи марказӣ, Нақшаи идоракунӣ ва Номгӯйи корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои низоми Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2, 3 ва 4).
2.Шумораи ниҳоии кормандони Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 73 воҳид (бе ҳайати хизматрасон), аз ҷумла дастгоҳи марказӣ ба миқдори 62 воҳид (бе ҳайати хизматрасон) муқаррар карда шавад.
3.Ба Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шавад, ки се муовин, аз ҷумла як муовини якуми сардор дошта бошад.
4.Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 майи соли 2011, №252 «Дар бораи Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз эътибор соқит дониста шавад.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 25 сентябри 2025, № 480
...