Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 майи соли 2011 № 252 "Дар бораи Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни: 14.09.2012

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд


бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 25.09.2025 № 480 аз эътибор соқит дониста шуд

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 14.09.2012 № 493)

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 14.09.2012 № 493)


Мутобиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 феврали соли 2011, № 1026 "Дар бораи такмили минбаъдаи сохтори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон", Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1) Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи алоқа ва иттилоотонӣ ва Сарраёсати алоқа ва иттилоотонии собиқ Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шавад.

2) Низомнома, Сохтори Дастгоҳи марказӣ, Нақшаи идоракунӣ ва Номгӯи корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои системаи Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад (замимаҳои 1, 2, 3, 4).

3) Шумораи ниҳоии кормандони Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 60 воҳид (бе ҳайати хизматрасон), аз ҷумла Дастгоҳи марказӣ ба миқдори 48 воҳид (бе ҳайати хизматрасон) муқаррар карда шавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 14.09.2012 № 493).

4) Ба Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шавад, ки ду муовини Сардор ва ҳайати мушовара иборат аз 5 нафар дошта бошад.

5) Ба Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лимити автомашинаҳои сабукрави хизматӣ ба миқдори 8 адад, аз ҷумла барои Дастгоҳи марказӣ ба миқдори 4 адад муқаррар карда шавад.

6) Маблағгузории Дастгоҳи марказии Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти дар Нақшаи идоракунии Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон номбаршуда аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва дигар маблағҳо дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода шавад.

...


Утратил силу в редакции пост. Правительства РТ от 25.09.2025 №480


Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О Службе связи при Правительстве Республики Таджикистан

(в редакции постановления Правительства РТ от 14.09.2012г. №493)

(в редакции постановления Правительства РТ от 14.09.2012г. №493)

В соответствии со статьёй 12 Конституционного закона Республики Таджикистан "О Правительстве Республики Таджикистан" и во исполнение Указа Президента Республики Таджикистан от 28 февраля 2011 года, № 1026 "О дальнейшем совершенствовании структуры центральных государственных исполнительных органов власти Республики Таджикистан", Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1) Создать Службу связи при Правительстве Республики Таджикистан на базе Государственной службы по надзору и регулированию в области связи и информатизации и Главного управления связи и информатизации бывшего Министерства транспорта и коммуникаций Республики Таджикистан.

2) Утвердить Положение, Структуру Центрального аппарата, Схему управления и Перечень предприятий, учреждений и организаций системы Службы связи при Правительстве Республики Таджикистан (приложения 1,2,3 и 4).

3) Установить предельную численность сотрудников Службы связи при Правительстве Республики Таджикистан в количестве 60 человек (без обслуживающего персонала), в том числе Центрального аппарата 48 человек (без обслуживающего персонала)(в редакции постановления Правительства РТ от 14.09.2012г. №493).

4) Разрешить Службе связи при Правительстве Республики Таджикистан иметь двух заместителей Начальника и коллегию в составе 5 человек.

5) Установить Службе связи при Правительстве Республики Таджикистан лимит служебных легковых автомашин в количестве 8 единиц, в том числе для Центрального аппарата 4 единицы.

6) Финансирование Центрального аппарата и структур, перечисленных в Схеме управления Службы связи при Правительстве Республики Таджикистан осуществляется за счет республиканского бюджета и других средств по согласованию с Министерством финансов Республики Таджикистан.

...