Замимаи 1
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 28 декабри соли 2006 № 588
тасдиқ шудааст
Замимаи 1
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 28 декабри соли 2006 № 588
тасдиқ шудааст
Низомномаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.10.2007 № 508, аз 2.07.2008 № 309, аз 19.09.2008 № 454, аз 29.09.2008 № 458, аз 3.12.2010 № 627, аз 3.04.2012 № 154, аз 11.05.2012 № 227, аз 09.02.2013 № 37)
I. Муқаррароти умумӣ
1. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Вазорат) мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия дар таркиби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки пешбурди сиёсати ягонаи давлатӣ ва батанзимдарории меъёрии ҳуқуқии фаъолияти молиявӣ, буҷету андоз, суғуртавӣ ва асъорро таъмин намуда, дар ин соҳа мақомоти ҳокимияти иҷроияро ҳамоҳанг месозад, иҷро ва риояи қонунгузории андоз, баҳисобгирии дуруст, пурра ва саривақт ба буҷети давлатӣ ва фондҳои давлатӣ ворид намудани андозҳо, пардохтҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмиро аз андозсупорандагон назорат менамояд.
2. Вазорат фаъолияти мақомоти минтақавии молия, Нозироти давлатии иёргирӣ, Хадамоти давлатии назорати суғуртавӣ, Агентии рушди бозори қоғазҳои қиматнок ва бақайдгирии махсусгардонидашуда, Хазинаи сарватҳои давлатӣ ва ташкилоту муассисаҳои системаро роҳбарӣ, ҳамоҳанг ва назорат менамояд.
3. Вазорат фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо мақомоти намояндагии ҷумҳуриявӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, инчунин ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва дигар ташкилотҳо анҷом медиҳад.
4. Вазорат дар фаъолияти худ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конситутсионӣ ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармон ва амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарор ва фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин Низомномаи мазкурро ба роҳбарӣ мегирад.
...