Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 сентябри соли 2008, № 454 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006 № 588"

Санаи амалкуни: 02.03.2013

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.12.2019 № 632 аз эътибор соқит дониста шуд.

 

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006 № 588

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.09.2008 № 458, аз 02.03.2013 № 111)

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.09.2008 № 458, аз 02.03.2013 № 111)

Мутобиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва бо мақсади татбиқи Стратегияи ислоҳоти системаи идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Дар сохтори дастгоҳи марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон "Раёсати мониторинги фаъолияти молиявию хоҷагидории корхонаҳои азими давлатӣ" таъсис дода шавад.

2. Муқаррар карда шавад, ки ба номгӯи корхонаҳои азими давлатӣ, ки оид ба фаъолияти молиявию хоҷагидории худ ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот медиҳанд, корхонаҳои зерин дохил мешаванд:

- Корхонаи воҳиди давлатии "Ширкати алюминийи тоҷик"";

- Корхонаи воҳиди давлатии "Роҳи оҳани Тоҷикистон";

- Корхонаи воҳиди давлатии ҳавопаймоии "Тоҷик Эйр";

- Ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик";

- Корхонаи воҳиди давлатии "Тоҷикгаз";

...

Утратило силу в редакции постановления Правительства РТ от 28.12.2019г.№632

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О внесении изменений и дополнений в постановление Правительства Республики Таджикистан от 28 декабря 2006 года №588

( в редакции Постановления Правительства РТ от 29.09.2008г.№458, от 02.03.2013г. №111 )

( в редакции Постановления Правительства РТ от 29.09.2008г.№458, от 02.03.2013г. №111 )

В соответствии со статьей 12 коституционного Закона Республики Таджикистан "О Правительстве Республики Таджикистан" и в целях реализации Стратегии реформирования системы государственного управления Республики Таджикистан, Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. В структуре центрального аппарата Министерства финансов Республики Таджикистан образовать "Управление мониторинга финансово-хозяйственной деятельности крупных государственных предприятий".

2. Установить, что в перечень крупных государственных предприятий, которые представляют отчет о своей финансово-хозяйственной деятельности Министерству финансов Республики Таджикистан и Министерству экономического развития и торговли Республики Таджикистан, входят нижеследующие предприятия:

- Государственное унитарное предприятие "Таджикская алюминиевая компания";

- Государственное унитарное предприятие "Таджикская железная дорога;

- Государственное унитарное авиационное предприятие "Таджик Эйр";

- Открытая акционерная холдинговая компания "Барки Точик";

- Государственное унитарное предприятие "Точикгаз";

- Государственное унитарное предприятие "Нафтугаз ва ангишт";

...