Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи муқаррар намудани маошҳои хизматии кормандони қисми тиббию санитарии Идораи молиявию хоҷагии дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 23.01.1997 № 53)
Бо мақсади такмили қисми тиббию санитарии Идораи молиявию хоҷагии дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кадрҳои баландихтисос ва тақвияи мақоми музди меҳнати кормандони ташкилоти мазкур ҳамчун воситаи ҳавасмандгардонӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. аз эътибор соқит дониста шуд
2. Барои кормандони қисми тиббию санитарии Идораи молиявию хоҷагии дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми иҷрои вазифаҳои ниҳоят муҳим ба маоиши хизматӣ ва ставкаҳои тарифӣ ба андозаи 30 фоиз иловапулӣ нигоҳ дошта шавад
3. аз эътибор соқит дониста шуд
5. Амали қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 сентябри соли 1993 № 487 "Дар бораи аз 1 октябри соли 1993 чорӣ намудани Ҷадвали ягонаи тарифии пардохти музди меҳнат" аз лаҳзаи эътибор пайдо кардани қарори мазкур нисбат ба кормандони ҷисми тиббию санитарии Идораи молиявию хоҷагии дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ намегардад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 18 июли соли 1996 №329
ш. Душанбе
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи муқаррар намудани маошҳои хизматии кормандони қисми тиббию санитарии Идораи молиявию хоҷагии дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Бо мақсади такмили қисми тиббию санитарии Идораи молиявию хоҷагии дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кадрҳои баландихтисос ва тақвияи мақоми музди меҳнати кормандони ташкилоти мазкур ҳамчун воситаи ҳавасмандгардонӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Аз 1 июли соли 1996 Шартҳои пардохти музди меҳнат ва маошҳои хизматии кормандони қисми тиббию санитарии дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи замимаҳои 1 , 4 тасдиқ во ҷори карда шаванд.
2. Барои кормандони қисми тиббию санитарии Идораи молиявию хоҷагии дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми иҷрои вазифаҳои ниҳоят муҳим ба маоиши хизматӣ ва ставкаҳои тарифӣ ба андозаи 30 фоиз иловапулӣ нигоҳ дошта шавад
3. Ҳисоби маоши миёна фиҳати пардохти рухсатии меҳнатӣ, ёрдампулӣ ҳангоми корношоямии муваққатӣ, ёрдампулӣ ҳангоми аз кор рафтан, ёрдампулӣ барои ҷуброни ба маъюбон ва дар дигар ҳолатҳо, ба пардохти музди миёнаи меҳнат вобаста аст, ба дарназардошти музди меҳнат, мутобиқи маошҳои хизматие, ки қарори мазкур муқаррар намудааст, анҷом дода шавад.
Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пӯшондани хароҷоти вобаста ба татбиқи қарори мазкур манбаъҳои иловагӣ дарёфт намояд.