Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июли соли 2019 № 343 "Дар бораи Дастурамал оид ба тартиби таъин ва пардохти музди меҳнати кормандони муассисаи давлатии "Маркази тиббӣ"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Дастурамал оид ба тартиби таъин ва пардохти музди меҳнати кормандони муассисаи давлатии "Маркази тиббӣ"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Мутобиқи моддаҳои 139, 147 ва 149 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" ва бо мақсади танзими пардохти музди меҳнати кормандони муассисаи давлатии "Маркази тиббӣ"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Дастурамал оид ба тартиби таъин ва пардохти музди меҳнати кормандони муассисаи давлатии "Маркази тиббӣ"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2. Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муқаррар намудани маошҳои хизматии кормандони қисми тиббию санитарии Идораи молиявию хоҷагии дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз 18 июли соли 1996, № 329 ва "Дар бораи танзими маошҳои хизматии кормандони қисми тиббию санитарии Идораи молиявию хоҷагии дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз 23 январи соли 1997, №53 аз эътибор соқит дониста шаванд.

3. Қарори мазкур аз 1 апрели соли 2019 мавриди амал қарор дода щавад.

 

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон

 

аз 2 июли соли 2019 № 343

ш.Душанбе

 

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

Об Инструкции о порядке назначения и оплаты труда работников государственного учреждения "Медицинский центр" Исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан

В соответствии со статьями 139, 147 и 149 Трудового кодекса Республики Таджикистан, статьи 57 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" и с целью упорядочения оплаты труда работников государственного учреждения "Медицинский центр" Исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Утвердить Инструкцию о порядке назначения и оплаты труда работников государственного учреждения "Медицинский центр" Исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан (прилагается).

2. Признать утратившими силу постановления Правительства Республики Таджикистан "Об установлении должностных окладов работникам медико-санитарной части Финансово-хозяйственного управления исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан" от 18 июля 1996 года, №329 и "Об упорядочении должностных окладов работникам медико-санитарной части Финансово-хозяйственного управления исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан" от 23 января 1997 года, №53.

3. Настоящее постановление ввести в действие с 1 апреля 2019 года.

Председатель

Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

г. Душанбе,

от 2 июля 2019 года, №343