ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ СИРРИ ДАВЛАТӢ"
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 апрели соли 2003 "Дар бораи сирри давлатӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2003, №4, мод. 134; с. 2007, №7, мод. 655) тағйироти зерин ворид карда шаванд:
1. Дар қисми 7 моддаи 4 калимаи "фаврии" ба калимаи "оперативии" иваз карда шавад.
2. Дар моддаи 5:
- дар зербанди а) қисми 1 калимаи "фаврӣ" ба калимаи "оперативӣ" иваз карда шавад;
- дар зербанди а) қисми 4 калимаҳои "фаврию ҷустуҷӯӣ" ба калимаҳои "оперативӣ-ҷустуҷӯӣ" иваз карда шаванд.
3. Дар зербанди в) қисми 2 моддаи 11 калимаҳои "фаврӣ ҷустуҷӯӣ" ба калимаҳои "оперативӣ-ҷустуҷӯӣ" иваз карда шаванд.
4. Дар қисми 1 моддаи 14 калимаи "фаврӣ" ба калимаи "оперативӣ" иваз карда шавад.
5. Дар ном ва матни моддаи 35 калимаҳои "фаврии" ва "фаврию ҷустуҷӯӣ" ба калимаҳои "оперативии" ва "оперативӣ-ҷустуҷӯӣ" иваз карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш.Душанбе
25 марти соли 2011 № 690
...