ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ СИРРИ ДАВЛАТӢ
(Қонуни ҶТ аз 30.07.2007 № 288, аз 25.03.2011 № 690)
(Қонуни ҶТ аз 30.07.2007 № 288, аз 25.03.2011 № 690)
Қонуни мазкур муносибатҳоеро, ки вобаста ба мансуб донистани маълумот ба сирри давлатӣ, махфӣ доштан, ошкор кардан ва ҳифзи онҳо ба манфиати таъмини амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вуҷуд меоянд, ба танзим медарорад, инчунин асосҳои ҳуқуқӣ ва системаи ягонаи ҳифзи сирри давлатиро дар тамоми намудҳои фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо сарфи назар аз шакли моликият, ҷузъу томҳои ҳарбӣ ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ ва берун аз он муайян менамояд.
БОБИ I. ҚОИДАҲОИ УМУМӢ
Моддаи 1. Доираи амали Қонуни мазкур
1. Муқаррароти ин Қонун барои иҷро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он аз тарафи мақомоти ҳокимияти давлатӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо, сарфи назар аз мақоми ташкилию ҳуқуқӣ ва шакли моликият, шахсони мансабдор ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мувофиқи мақоми худ ба иҷрои талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи сирри давлатӣ мебошанд ва ё ӯҳдадор шудаанд, ҳатмӣ аст.
2. Меҳанизми татбиқи масъалаҳои алоҳида, ки дар ин Қонун дохил нашудаанд, бо дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, муайян карда мешавад.
Моддаи 2. Мафҳумҳои асосии Қонун
Дар ин Қонун мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
сирри давлатӣ - маълумоти соҳаи мудофиа, иқтисодиёт, робитаҳои хориҷӣ, амнияти давлатӣ ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ, ки аз тарафи давлат ҳифз гардида, паҳн кардани онҳо ба амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон зарар расонда метавонад. Сирри давлатӣ моликияти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад;
манбаъҳои маълумот, ки дорои сирри давлатӣ мебошанд - аз объектҳои моддӣ, аз ҷумла майдонҳои физикӣ иборатанд, ки дар онҳо маълумоти дорои сирри давлатӣ дар шакли рамзҳо, нақшҳо, аломатҳо, кашфиёт ва равандҳои техникӣ инъикос меёбанд;
системаи ҳифзи сирри давлатӣ - маҷмӯи мақомоти ҳифзи сирри давлатӣ, воситаҳо ва усулҳое, ки онҳоро барои ҳифзи маълумоти дорои сирри давлатӣ истифода мебаранд ва манбаъҳои онҳо, ҳамчунин тадбирҳое, ки ба ин мақсадҳо ба амал бароварда мешаванд;
...