Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 майи соли 2009, № 524 "Дар бораи фаъолияти бонкӣ"

Санаи амалкуни: 13.11.2023

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ФАЪОЛИЯТИ БОНКӢ

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2009, №5, мод.331; с.2010, №7, мод.555; с.2011, №12, мод.84б; с.2013, №11, мод.786; с.2014, №11, мод.663; с.2018, №7-8, мод.532; с.2019, №6, мод. 328)

(Қонуни ҶТ аз 21.07.2010 № 623, аз 26.12.2011 № 782 аз 12.11.2013 № 1029, аз 27.11.2014 № 1154, аз 3.08.2018 № 1549, аз 20.06.2019 № 1626, аз 07.08.2020 № 1722, аз 13.11.2023 № 2004, аз 20.06.2024 № 2072)

(Қонуни ҶТ аз 21.07.2010 № 623, аз 26.12.2011 № 782 аз 12.11.2013 № 1029, аз 27.11.2014 № 1154, аз 3.08.2018 № 1549, аз 20.06.2019 № 1626, аз 07.08.2020 № 1722, аз 13.11.2023 № 2004, аз 20.06.2024 № 2072)

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқию ташкилии фаъолияти бонкиро муайян намуда, барои фароҳам овардани шароити мусоиди фаъолияти бонкӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нигаронида шудааст.

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

- фаъолияти бонкӣ - аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ (кредитӣ) анҷом додани амалиёти бонкӣ ва аҳдҳое, ки дар Қонуни мазкур пешбинӣ гардидааст (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 782);

- низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Бонки миллии Тоҷикистон ва ташкилотҳои дигари қарзии молиявии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияткунанда (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 782, аз 07.08.2020 № 1722);

- ташкилотҳои қарзии молиявӣ - ташкилотҳои қарзӣ ва ташкилотҳои қарзии исломӣ, ки дар асоси иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистон фаъолияти дар қонун пешбинишударо амалӣ менамоянд (Қонуни ҶТ аз 07.08.2020№ 1722);

- ташкилотҳои қарзӣ - шахсони ҳуқуқие (бонкҳо, ташкилотҳои қарзии ғайрибонкӣ, аз ҷумла ташкилотҳои маблағгузории хурд), ки дар асоси иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистон ҳама ё баъзе аз амалиёти бонкии дар Қонуни мазкур ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишударо иҷро менамоянд  (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 782, аз 27.11.2014 № 1154);

- ташкилоти қарзии давлатӣ - ташкилоти қарзие, ки сармояи (фонди) оинномавии он пурра ба давлат тааллуқ дорад (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1549);

- бонкӣ фаръӣ - бонке, ки аз ҷониби дигар ташкилоти қарзӣ ё ҷамъияти ҳолдингии бонкӣ назорат карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 07.08.2020 № 1722); 

...

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О БАНКОВСКОЙ ДЕЯТЕЛЬНОСТИ

(в редакции Закона РТ от 21.07.2010г.№623, от 26.12.2011г.№782, от 12.11.2013г.№1029,  от 27.11.2014г.№1154, от 03.08.2018г.№1549, от 20.06.2019г.№1626, от 07.08.2020г.№1722, от 13.11.2023 №2004, от 20.06.2024 №2072)

(в редакции Закона РТ от 21.07.2010г.№623, от 26.12.2011г.№782, от 12.11.2013г.№1029,  от 27.11.2014г.№1154, от 03.08.2018г.№1549, от 20.06.2019г.№1626, от 07.08.2020г.№1722, от 13.11.2023 №2004, от 20.06.2024 №2072)

Настоящий Закон определяет правовые и организационные основы банковской деятельности с целью создания соответствующих условий для ведения банковской деятельности в Республике Таджикистан.

ГЛАВА 1. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ

Статья 1. Основные понятия

В настоящем Законе используются следующие основные понятия:

- банковская деятельность - осуществление кредитными организациями банковских операций и сделок, предусмотренных настоящим Законом (в редакции Закона РТ от 26.12.2011г.№782);

- банковская система Республики Таджикистан - Национальный банк Таджикистана и другие кредитные финансовые организации, функционирующие в Республике Таджикистан (в редакции Закона РТ от 07.08.2020г.№1722);

- кредитные финансовые организации - кредитные организации и исламские кредитные организации, осуществляющие деятельность, предусмотренную законом на основании лицензии Национального банка Таджикистана (в редакции Закона РТ от 07.08.2020г.№1722);

 - кредитные организации - юридические лица  (банки,  небанковские кредитные  организации в том числе и микрофинансовые организации),  осуществляющие на  основании  лицензии  Национального  банка  Таджикистана  все   или отдельные  банковские  операции,  предусмотренные  настоящим Законом и другими законодательными актами  Республики  Таджикистан  (в  редакции Закона РТ от 26.12.2011г.№782, от 27.11.2014г.№1154, от 07.08.2020г.№1722);

- государственная кредитная организация - кредитная организация, уставный капитал (фонд) которой полностью принадлежит государству (в  редакции Закона РТ от 03.08.2018г.№1549);

- банк - кредитная организация, основной целью которой является получение прибыли, которая имеет установленный Национальным банком Таджикистана уставной капитал и право выполнения хотя бы трёх следующих операций: привлечение депозитов и сбережений, выдача кредитов, открытие и ведение банковских счетов(в редакции Закона РТ от 26.12.2011г.№782);

- небанковские кредитные организации - кредитные организации, имеющие право осуществлять отдельные банковские операции. Перечень банковских операций для небанковских кредитных организаций устанавливает законодательство Республики Таджикистан и Национальный банк Таджкистана (в редакции Закона РТ от 26.12.2011г.№782);

...