ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
"ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ФАЪОЛИЯТИ БОНКӢ"
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 майи соли 2009 "Дар бораи фаъолияти бонкӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2009, №5, мод. 331; с.2010, №7, мод. 555) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Аз матни моддаи 1, ном ва қисмҳои 1, 3, 4 моддаи 3, матни моддаи 4, ном ва қисмҳои 1, 2 моддаи 5, номи боби 2, ном ва қисмҳои 1 ва 3 моддаи 6, қисмҳои 2 ва 4 моддаи 7, қисмҳои 3, 4, 5, 6, 7 моддаи 8, қисми 1 моддаи 9, қисмҳои 1, 2, 3, 7, 8, 10 моддаи 10, ном ва қисмҳои 1, 3, 4, 5, 6 моддаи 11, ном ва қисмҳои 1, 2 моддаи 13, номи моддаи 14, ном ва қисмҳои 1, 2, 3, 4, 5 моддаи 15, моддаи 16, қисмҳои 1, 2, 4 моддаи 18, ном ва қисмҳои 1, 2, 5, 6, 8, 9, 10 моддаи 19, қисмҳои 1, 2, 3 моддаи 21, ном ва қисмҳои 1, 3, 4, 7 моддаи 24, қисми 1 моддаи 25, қисмҳои 1, 2, 3, 4, 7, 8 моддаи 26, ном ва қисмҳои 1, 2, 3 моддаи 27, номи боби 5, ном ва қисмҳои 1, 2, 3, 4 моддаи 28, ном ва қисмҳои 1, 2, 3, 5, 6, 8, 9 моддаи 29, қисмҳои 1, 3, 4 моддаи 30, ном ва қисмҳои 1 ва 3 моддаи 31, моддаи 32, қисмҳои 1, 2, 3, 7, 8 моддаи 33, ном ва қисмҳои 1, 2 моддаи 34, қисмҳои 1 ва 2 моддаи 36, қисми 2 моддаи 37, қисмҳои 1 ва 2 моддаи 38, қисмҳои 1 ва 3 моддаи 39, моддаи 40, қисмҳои 1, 2, 3 моддаи 41, қисмҳои 2, 3 моддаи 42, қисмҳои 1 ва 2 моддаи 43, қисмҳои 1 ва 2 моддаи 44, қисмҳои 1, 4, 5, 6, 7, 8, 9, 10 моддаи 45, қисмҳои 1, 2 моддаи 46, қисми 1 моддаи 47, қисмҳои 1, 2, 4, 8, 10, 11 моддаи 48, ном ва қисми 1 моддаи 49, моддаи 50, ном ва қисмҳои 1, 3, 4 моддаи 51, қисмҳои 1, 2, 3, 4, 5, 6, 8, 9 моддаи 52, моддаи 53, қисми 1 моддаи 54, қисмҳои 1, 2, 3, 4, 5, 6, 7, 8, 9, 10, 12 моддаи 55, қисмҳои 1, 2, 3, 4 моддаи 56 калимаҳои "(кредитӣ)", "(кредитии)", "(кредитие)", "(кредит)", "(кридитӣ)", "(кредитиро)", "(кредитҳо)", "(кредитҳои)", "(КРЕДИТӢ)", "(кредитдиҳӣ)", "(кредите)", "(кредитгир)", "(кредити)", "(кредитро)", "(пруденсиалӣ)", "(пруденсиалии)" хориҷ карда шаванд. 2. Дар моддаи 1:аз қисми 1 рақами "1." хориҷ карда шавад;
- дар сархати якум калимаи "бонкие" ба калимаҳои "бонкӣ ва аҳдҳое" иваз карда шавад;
- аз сархати дуюм калимаи "(системаи)" хориҷ карда шавад;
- сархатҳои сеюм ва чорум дар таҳрири зайл ифода карда шаванд:
"ташкилотҳои қарзӣ - шахсони ҳуқуқие (бонкҳо, ташкилотҳои қарзии ғайрибонкӣ, аз ҷумла ташкилотҳои маблағгузории хурд), ки дар асоси иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистон ҳама ё баъзе аз амалиёти бонкии дар қонун пешбинишударо иҷро менамоянд;
- бонк - ташкилоти қарзие, ки мақсади асосиаш гирифтани фоида буда, дорои сармояи оинномавии барои он муқарраркардаи Бонки миллии Тоҷикистон ва ҳуқуқи иҷрои на камтар аз се амалиёти зерин: ҷалби амонат ва пасандозҳо, додани қарз, кушодан ва пешбурди суратҳисобҳои бонкӣ мебошад;";
- дар ҷумлаи дуюми сархати панҷум пас аз калимаи "ғайрибонкӣ" калимаҳои "қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва" илова карда шаванд;
- сархатҳои чордаҳум, понздаҳум, шонздаҳум, ҳабдаҳум, ҳаждаҳум ва нуздаҳум дар таҳрири зайл ифода карда шаванд:
"- қарз - маблағе, ки аз ҷониби ташкилоти қарзӣ ба қарзгир бо шартҳои пардохти фоиз ва баргардонидан ба мӯҳлати муайян дода шудааст;
- амонат - маблағ ва сарвати дигари шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ба ташкилоти қарзӣ барои нигаҳдорӣ супурда шудаанд;
- пасандоз - маблағе, ки ҳуқуқи истифодаи муваққатиаш ба ташкилотҳои қарзӣ бо шарти пардохти фоизи муайян вогузор шудааст;
- резидентҳо - шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки ба ҳамин сифат мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор" эътироф шудаанд;
...