ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2006, №4, мод. 201; с. 2008, №12, қ.2, мод. 1017; с. 2009, №3, мод. 89; с. 2011, №3, мод. 178, №6, мод. 444; с. 2015, №3, мод. 220, №11, мод. 961, мод. 962; с. 2016, №3, мод. 144, мод. 145; с. 2017, №7-9, мод. 574; с. 2019, №7, мод. 470; с. 2020, №7-9, мод. 612)
(Қонуни ЧТ аз 31.12.2008 № 483, аз 26.03.2009 № 496, аз 25.03.2011 № 711, аз 28.06.2011 № 733, аз 18.03.2015 № 1198, аз 23.11.2015 № 1240, № 1241, аз 15.03.2016 № 1291, № 1292, аз 18.07.2017 № 1451, аз 19.07.2019 № 1637, аз 04.07.2020 № 1706, аз 29.01.2021 № 1763)
(Қонуни ЧТ аз 31.12.2008 № 483, аз 26.03.2009 № 496, аз 25.03.2011 № 711, аз 28.06.2011 № 733, аз 18.03.2015 № 1198, аз 23.11.2015 № 1240, № 1241, аз 15.03.2016 № 1291, № 1292, аз 18.07.2017 № 1451, аз 19.07.2019 № 1637, аз 04.07.2020 № 1706, аз 29.01.2021 № 1763)
БОБИ 1 МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Муносибатҳое, ки бо Қонуни мазкур танзим мегарданд
Қонуни мазкур тартиби бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ, тартиби тағйир додан, ислоҳ, барқарор ва бекор намудани сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, тартиби ташкил намудани китобҳои бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ, тартиб ва мӯҳлати нигоҳ доштани китобҳои бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ (китобҳои аснод) ва вазъи ҳуқуқии мақомоте, ки асноди ҳолати шаҳрвандиро ба қайди давлатӣ мегиранд, танзим мекунад.
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки онҳоро Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст, иборат мебошад .
...