ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ"
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 апрели соли 2006 "Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2006, №4, мод. 201) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар тамоми матни Қонун калимаҳои "ном, номи падар ва фамилия" ва "фамилия" мувофиқан ба калимаҳои "насаб, ном ва номи падар" ва "насаб" иваз карда шаванд.
2. Ба Қонун моддаи 4(1) бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"Моддаи 4(1). Фаъолият дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ
Шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз озмун гузаштааст, то шаш моҳ ҳамчун коромӯз фаъолият намудааст, баъд аз гузаштан аз санҷиши комиссияи тахассусӣ корманди мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ шуда метавонад. Озмун барои ишғоли мансаби корманди мақомоти сабти асноди ҳолати шахрвандӣ мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад. Роҳбари мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ бояд таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ дошта бошад. Низомномаи комиссияи тахассусии Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии назди Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
Эзоҳ: Талаботи ҳамин модда оид ба доштани таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ нисбати роҳбарони мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, ки то мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур кор мекунанд, татбиқ намегардад.".
3. Дар моддаи 9:
- аз қисмҳои 1 ва 2 пас аз калимаи "Раёсати" калимаи "сабти" хориҷ карда шавад;
- қисми 2 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"2. Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии назди Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси хабарномаи мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба нусхаи дуюми сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ислоҳ, тағйиру илова ворид менамояд, аз рӯи сабти аснод феҳристи ҷумҳуриявӣ тартиб медиҳад, дар асоси сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва китобҳои метрикӣ шаҳодатномаҳои такрорӣ ва маълумотномаҳои дахлдор (ба истиснои маълумотнома оид ба вазъи оилавӣ) медиҳад.".
- қисми 2 қисми 3 ҳисобида шавад.
4. Дар қисми 4 моддаи 11 калимаҳои "дар рӯзи муроҷиат намуданаш" ва "даҳ рӯз" мувофиқан ба калимаҳои "дар муддати даҳ рӯз" ва "як моҳ" иваз карда шаванд.
5. Сархати сеюми қисми 1 моддаи 16 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
...