ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ӯҲДАДОРИИ УМУМИИ ҲАРБӢ ВА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2000, №11, мод. 539; с. 2003, №4, мод. 146, №8, мод. 461; с. 2004, №2, мод. 50, №7, мод. 464; с. 2005, №3, мод. 117; с. 2006, №11, мод. 467; с. 2007, №7, мод. 659; с. 2010, №7, мод. 542, мод. 553; с. 2012, №12, қ. 1, мод. 1014; с. 2017, №5, қ. 1, мод. 296)
Қонуни ҶТ аз 22.04.2003 № 16, аз 1.08.2003 № 38, аз 28.02.2004 № 18, аз 15.07.2004 № 57, аз 1.03.2005 № 78, 15.11.2006 № 206, аз 30.07.2007 № 295, аз 21.07.2010 № 609, аз 21.07.2010 № 620, аз 28.12.2012 № 920, аз 30.05.2017 № 1439, аз 2.01.2018 № 1478)
Қонуни ҶТ аз 22.04.2003 № 16, аз 1.08.2003 № 38, аз 28.02.2004 № 18, аз 15.07.2004 № 57, аз 1.03.2005 № 78, 15.11.2006 № 206, аз 30.07.2007 № 295, аз 21.07.2010 № 609, аз 21.07.2010 № 620, аз 28.12.2012 № 920, аз 30.05.2017 № 1439, аз 2.01.2018 № 1478)
Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятии ба иҷрои ӯҳдадориҳои умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ алоқамандбудаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро танзим намуда, асосҳои ташкилӣ ва ҳуқуқии қайди ҳарбӣ, ба хизмати ҳарбӣ тайёр кардан, даъват намудан, дохил шудан, тартиби адо ва рухсат шудан аз хизмати ҳарбӣ, бақайдгирии эҳтиёти Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ваколатҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳотро дар ин соҳа муқаррар менамояд ().
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
(Қонуни ҶТ аз 28.12.2012 № 920)
Моддаи 1. ӯҳдадории умумии ҳарбӣ
Мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи Ватан - вазифаи муқаддаси шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад .
ӯҳдадории умумии ҳарбии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд шаҳрванд, агар дар Қонуни мазкур ба маънои дигар зикр нашуда бошад) инҳоро пешбинӣ менамояд:
- қайди ҳарбӣ;
...