Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2012, № 920 "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ӯҲДАДОРИИ УМУМИИ ҲАРБӢ ВА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ"

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 ноябри соли 2000 "Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2000, №11, мод. 539; с. 2003, № 4, мод. 146; №8, мод. 461; с. 2004, №2, мод. 50; №7, мод. 464; с. 2005, №3, мод. 117; с. 2006, №11, мод. 467; с. 2007, №7, мод. 659; с. 2010, №7, мод. 542; мод. 553) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Номи Қонун бо ҳарфҳои калон навишта шавад.

2. Муқаддимаи Қонун дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятии ба иҷрои ӯҳдадориҳои умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ алоқамандбудаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро танзим намуда, асосҳои ташкилӣ ва ҳуқуқии қайди ҳарбӣ, ба хизмати ҳарбӣ тайёр кардан, даъват намудан, дохил шудан, тартиби адо ва рухсат шудан аз хизмати ҳарбӣ, бақайдгирии эҳтиёти Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ваколатҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳотро дар ин соҳа муқаррар менамояд.".

3. Дар номи фасли 1 калима ва рақами "ФАСЛИ 1" ба калима ва рақами "БОБИ 1." иваз карда шаванд.

4. Дар тамоми матни Қонун сархатҳо бо аломати дефис "-" ишора карда шаванд.

5. Дар қисми панҷуми моддаи 1 калимаҳои "ҳокимияти иҷроияи маҳалҳо," ба калимаҳои "мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот" иваз карда шаванд.

6. Дар моддаи 3:

- дар номи модда калимаҳои "ӯҳдадории мақомоти ҳокимияти иҷроияи маҳаллӣ ва мақомоти худидоракунии маҳаллӣ" ба калимаҳои "ӯҳдадориҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот" иваз карда шаванд;

- қисми якум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, шахсони мансабдори корхонаҳо, муассисаҳо, дигар ташкилотҳо ӯҳдадоранд:";

- дар сархати якуми қисми сеюм калимаҳои "ноҳия ё шаҳр" ба калимаҳои "шаҳр ё ноҳия" иваз карда шаванд;

- дар матни қисми чорум калимаи "санадҳои" ба калимаи "асноди" иваз карда шавад;

...

ЗАКОН

РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ И ДОПОЛНЕНИЙ В ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН "О ВСЕОБЩЕЙ ВОИНСКОЙ ОБЯЗАННОСТИ И ВОЕННОЙ СЛУЖБЕ"

Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан от 29 ноября 2000 года "О всеобщей воинской обязанности и военной службе" (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2000 г., №11, ст. 539; 2003 г., №4, ст. 146; №8, ст. 461; 2004 г., №2, ст. 50; №7, ст. 464; 2005 г., №3, ст.117; 2006 г., №11, ст. 467; 2007 г., №7, ст. 659; 2010 г., №7, ст. 542; ст. 553) следующие изменения и дополнения:

1. Название Закона писать прописными буквами.

2. Преамбулу Закона изложить в следующей редакции:

"Настоящий Закон регулирует общественные отношения, связанные с исполнением гражданами Республики Таджикистан всеобщей воинской обязанности и военной службы, устанавливает организационные и правовые основы воинского учета, подготовки, призыва и поступления граждан на военную службу, порядок прохождения военной службы и увольнения с нее, учета запаса Вооруженных сил Республики Таджикистан и органов безопасности Республики Таджикистан, полномочия органов государственной власти, местных исполнительных органов государственной власти и органов самоуправления поселков и сел в этой сфере.".

3. В тексте Закона слова и цифры "РАЗДЕЛ I", "РАЗДЕЛ II", "РАЗДЕЛ III", "РАЗДЕЛ IV", "РАЗДЕЛ V", "РАЗДЕЛ VI", "РАЗДЕЛ VII", "РАЗДЕЛ VIII" и "РАЗДЕЛ IХ" соответственно заменить словами и цифрами "ГЛАВА

1.", "ГЛАВА 2.", "ГЛАВА 3.", "ГЛАВА 4.", "ГЛАВА 5.", "ГЛАВА 6.", "ГЛАВА 7.", "ГЛАВА 8." и "ГЛАВА 9.".

4. Во всем тексте Закона абзацы обозначить знаком дефис "-".

5. В части пятой статьи 1 слова "исполнительной власти на местах" заменить словами "местные исполнительные органы государственной власти и органы самоуправления поселков и сел".

6. В статье 3:

- в названии статьи слова "органов местной исполнительной власти и местных органов самоуправления" заменить словами "местных исполнительных органов государственной власти и органов самоуправления поселков и сел";

- часть первую изложить в следующей редакции:

"Местные исполнительные органы государственной власти и органы самоуправления поселков и сел, должностные лица предприятий, учреждений и иных организаций обязаны:";

...