ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОН БА МАҶЛИСҲОИ МАҲАЛЛИИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1999, № 12, мод. 298; с. 2007, № 5, мод. 353; с. 2012, № 8, мод. 813; с. 2014, № 7, қ. 1, мод. 383; № 11, мод. 640; с. 2017, № 5, қ. 1, мод. 269)
(Қонуни конститутсионии ҶТ аз 12.05.2007 № 257, аз 01.08.2012 № 898, аз 26.07.2014 № 1087, аз 27.11.2014 № 1133, аз 30.05.2017 № 1412, аз 19.07.2019 № 1640, аз 03.01.2024 № 2016)
1. ҚОИДАҲОИ УМУМӢ
Моддаи 1. Принсипҳои асосии интихобот
Интихобот ба Маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия дар ҳавзаҳои ҳудудии якмандатии интихобот дар асоси ҳуқуқи интихоботии умумӣ, баробар ва мустақиман бо овоздиҳии пинҳонӣ ба мӯҳлати панҷ сол гузаронида мешавад
Моддаи 1(1). Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни конститутсионии мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад .
Моддаи 2. Ҳуқуқи умумии интихобот
Интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия умумӣ аст. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар рӯзи интихобот синнашон ба 18 расидааст, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк ҳуқуқи интихоб кардан ва интихоб шуданро доранд .
Шахсоне, ки аз тарафи суд ғайри қобили амал дониста шудаанд ва ё мувофиқи ҳукми суд дар ҷойҳои аз озодӣ маҳрумшудагон нигоҳ дошта мешаванд, ҳуқуқи дар интихобот иштирок кардан надоранд .
...