Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 июли соли 2014, № 1087 "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОН БА МАҶЛИСҲОИ МАҲАЛЛИИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ"

Моддаи 1. Ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 декабри соли 1999 "Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1999, №12, мод. 298; с. 2007, №5, мод. 353; с. 2012, №8, мод. 813) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Номи Қонун бо ҳарфҳои калон навишта шавад.

2. Дар моддаи 1 калимаҳои "вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо" ба калимаҳои "вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия" иваз карда шаванд.

3. Ба Қонун моддаи 1(1) бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"Моддаи 1(1). Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни конститутсионии мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.".

4. Дар моддаи 2:

- қисми якум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия умумӣ аст. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар рӯзи интихобот синнашон ба 18 расидааст, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк ҳуқуқи интихоб кардан ва интихоб шуданро доранд.";

- дар қисми дуюм калимаҳои "маҳрум шудагон" ба калимаи "маҳрумшудагон" иваз карда шаванд;

- дар қисми сеюм калимаи "ҳокимият" ба калимаҳои "ҳокимияти давлатӣ" иваз карда шавад.

5. Ба моддаи 3 баъд аз калимаи "асоси" калимаи "ҳуқуқи" илова карда шавад.

6. Дар моддаи 6:

...

КОНСТИТУЦИОННЫЙ ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ И ДОПОЛНЕНИЙ В КОНСТИТУЦИОННЫЙ ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН "О ВЫБОРАХ ДЕПУТАТОВ В МЕСТНЫЕ МАДЖЛИСЫ НАРОДНЫХ ДЕПУТАТОВ"

Статья 1. Внести в конституционный Закон Республики Таджикистан от 10 декабря 1999 года "О выборах депутатов в местные Маджлисы народных депутатов" (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 1999 г., №12, ст. 298; 2007 г., №5, ст. 353; 2012 г., №8, ст. 813) следующие изменения и дополнения:

1. Название Закона писать прописными буквами.

2. В статье 1 слова "областные, городские и районные" заменить словами "областей, города Душанбе, городов и районов".

3. Закон дополнить статьей 1(1) следующего содержания:

"Статья 1(1) . Законодательство Республики Таджикистан о выборах депутатов в местные Маджлисы народных депутатов

Законодательство Республики Таджикистан о выборах депутатов в местные Маджлисы народных депутатов основывается на Конституции Республики Таджикистан и состоит из настоящего конституционного Закона, других нормативных правовых актов Республики Таджикистан, а также международных правовых актов, признанных Таджикистаном.".

4. В статье 2:

- часть первую изложить в следующей редакции:

"Выборы депутатов в Маджлисы народных депутатов Горно-Бадахшанской автономной области, областей, города Душанбе, городов и районов являются всеобщими. Граждане Республики Таджикистан, достигшие ко дню выборов 18-летнего возраста, имеют право избирать и быть избранными, независимо от национальности, расы, пола, языка, вероисповедания и политических позиций, социального положения, образования и имущества.";

- в части третьей слово "власти" заменить словами "государственной власти".

5. В статье 3 слова "на равных основаниях" заменить словами "на равной правовой основе".

6. В статье 6:

- часть первую после слова "гласно" дополнить словами "и освещается в средствах массовой информации";

...