ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи қабул кардани Кодекси экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1.Кодекси экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шавад.
2. Қарорҳои зерини Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз эътибор соқит карда шаванд:
1) Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи партовҳои истеҳсолӣ ва истеъмолӣ» аз 13 марти соли 2002, №563 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2002, №4, қ. 1, мод. 289; с. 2005, №6, мод. 374; с. 2011, №4, мод. 299; с. 2025, №11-12, мод. 993);
2) Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти обуҳавошиносӣ» аз 2 майи соли 2002, №622 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2002, №11, мод. 743; с. 2006, №2, мод. 81; с. 2007, №5, мод. 395; с. 2011, №11, мод. 798; с. 2014, №6, мод. 295; с. 2016, №6, мод. 543; с. 2024, №7-11, мод. 602);
3) Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муҳофизат ва истифодаи олами наботот» аз 31 марти соли 2004, №1093 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2004, №3, мод. 201; с. 2007, №6, мод. 486; с. 2007, №8-10, мод. 825; с. 2024, №3-4, мод. 161);
4) Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи олами ҳайвонот» аз 29 ноябри соли 2007, №800 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2007, №11, мод. 913; с. 2022, №8-10, мод. 602; с. 2024, №12, мод. 791);
5) Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи хок» аз 1 октябри соли 2009, №1397 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2009, №9-10, мод. 572; с. 2023, №4-6, мод. 221);
6) Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маърифати экологии аҳолӣ» аз 3 ноябри соли 2010, №213 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2010, №11, мод. 745; с. 2025, №5, мод. 563);
7) Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мониторинги экологӣ» аз 16 феврали соли 2011, №319 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2011, №2, мод. 83; с. 2014, №3, мод. 160; с. 2024, №7-11, мод. 529);
8) Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттилооти экологӣ» аз 12 январи соли 2011, №279 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2011, №1, мод. 9; с. 2024, №5-6, мод. 374);
9) Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист» аз 22 июни соли 2011, №485 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2011, №6, мод. 520; с. 2014, №8-10, мод. 575; с. 2017, №5, мод. 370; с. 2022, №1-3, мод. 90, №4-5, мод. 255; с. 2024, №7-11, мод. 611);
10) Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аудити экологӣ» аз 23 ноябри соли 2011, №584 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2011, №11, мод. 796; с. 2024, №7-11, мод. 612);
...