ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ АУДИТИ ЭКОЛОГӢ
(Қонуни ҶТ аз 13.11.2024
№ 2100)
Қонуни мазкур принсипҳо ва тартиби гузаронидани аудити экологиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пешгирии таъсири манфии фаъолияти идоракунӣ, хоҷагидорӣ ва дигар намудҳои фаъолият ба муҳити зист, ҳаёт ва саломатии аҳолӣ муайян менамояд.
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- рушди устувор - раванди рушди ҷомеа, ки ҳалли мутавозини вазифаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва масъалаҳои нигоҳдории муҳити мусоиди зист ва иқтидори захираҳои табииро бо мақсади қонеъ гардонидани талаботи наслҳои имрӯза ва ояндаи инсон таъмин менамояд;
- амнияти экологӣ - ҳолати таҳти муҳофизат қарор доштани манфиатҳои ҳаётан муҳими шахс, ҷомеа, муҳити зист аз таҳдидҳое, ки дар натиҷаи таъсиррасонии антропогенӣ ва табиӣ ба муҳити зист рӯй медиҳанд, аз ҷумла фалокату садамаҳо, офатҳои табиӣ;
- аудити экологӣ - намуди фаъолият, ки таҳлили мувофиқати фаъолият ва ҳисоботи субъекти фаъолияти хоҷагидорӣ ба қонунгузорӣ, ҳуҷҷатҳои меъёрию методӣ, дастурӣ ва танзимкунандаи соҳаи ҳифзи муҳити зист ва захираҳои табииро дар бар мегирад;
- аудитори экологӣ - шахси воқеӣ, ки аз аттестатсияи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зисти Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи аудити экологӣ) гузаштааст ва шаҳодатномаи тахассусӣ гирифтааст (№ 2100);
- ташкилоти аудитории экологӣ - шахси ҳуқуқӣ, ки дорои иҷозатнома оид ба ҳуқуқи гузаронидани аудити экологӣ мебошад;
- хулосаи аудити экологӣ - ҳуҷҷатест, ки дар он натиҷаи санҷиши фаъолияти субъекти хоҷагидорӣ ва маълумоти дигар тибқи шартҳои шартномаи байни субъекти хоҷагидорӣ ва ташкилоти аудитории экологӣ, аудиторе, ки бе ташкили шахси ҳуқуқӣ ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул мебошад, сабт шудааст;
- иҷозатнома оид ба ҳуқуқи гузаронидани аудити экологӣ - ҳуҷҷати махсусе, ки ҳуқуқи дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо аудити экологӣ машғул шудани дорандаи онро тасдиқ менамояд.
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аудити экологӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аудити экологӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад (№ 2100).
...