ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи ворид намудани илова ба фармони ПрезидентиҶумҳурии Тоҷикистон аз 19 ноябри соли 2013, №12
Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» фармон медиҳам:
Ба қисми 5 Сохтори мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 ноябри соли 2013, № 12 «Дар бораи такмили сохтори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тасдиқ шудааст, сархати сенздаҳум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон».
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 21 декабри соли 2024, № 883
...