ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи такмили сохтори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
(Фармони Президенти ҶТ аз 30.05.2017 № 887, аз 5.04.2018 № 1043, аз 31.05.2018 № 1062, аз 15.08.2018 № 1085, аз 27.01.2020 № 1430, аз 03.04.2021 № 147, аз 04.06.2024 № 836, аз 21.12.2024 № 883, аз 07.01.2025 № 907, аз 30.07.2025 № 1053)
Бо мақсади ташаккули низоми самараноки идоракунии давлатӣ ҷиҳати таъмини банақшагирии стратегӣ ва рушди устувори иқтисодию иҷтимоии мамлакат, бо дарназардошти муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи низоми мақомоти идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам ():
1. Сохтори замимагардидаи мақомоти марказии иҷроияи ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад.
2. Муқаррар карда шавад, ки:
- ба низоми мақомоти идоракунии давлатӣ вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, кумитаҳо, хадамот, агентиҳо ва саридораҳо дохил мешаванд;
- вазифаҳои мақомоти идоракунии давлатие, ки роҳбарии фаъолияти онҳоро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамоянд, дар низомномаҳои ин мақомот, ки мутобиқан бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мегарданд, муайян карда мешаванд;
- ҷиҳати роҳ надодан ба сӯиистифода аз фишангҳои дохилисоҳавӣ барои ҳимояи манфиатҳои дохилиидоравӣ, муносибати байниҳамдигарии вазорату кумитаҳои давлатӣ бо хадамот ва агентиҳои низоми онҳо тибқи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда мешавад.
3. Ба Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистои чор муовин, аз ҷумла як муовини якум муқаррар карда шавад.
4. Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода шавад.
Муқаррар карда шавад, ки вазифаҳои марбут ба саноат аз доираи ваколатҳои Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон бароварда шуда, иҷрои вазифаҳои марбут ба пешбурди сиёсати об аз Вазорати мелиоратсия ва захираҳои об ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешаванд.
5. Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шавад.
Муқаррар карда шавад, ки вазифаҳои марбут ба саноат аз доираи ваколатҳои Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон бароварда шуда, ба Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор мегарданд.
...