ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН«ДАР БОРАИ МАОРИФ»
бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистоназ
қабул карда шуд
бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 19 июни соли 2024, № 502 ҷонибдорӣ карда шуд
Моддаи 1. Ба моддаи 16 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» аз 22 июли соли 2013 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2013, №7, мод. 532; с. 2014, №3, мод. 156, №7, қ. 2, мод. 422; с. 2016, №3, мод. 148, №7, мод. 624; с. 2017, №7-9, мод. 581; с. 2018, №5, мод. 278; с. 2020, №12, мод. 912; с. 2021, №12, қ. 2, мод. 706; с. 2022, №7, мод. 447; с. 2023, №11, мод. 468; қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 январи соли 2024, №2035 ва №2036; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2024, №2044) қисми 18 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«18. Дар сохтори муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ дар сурати мавҷуд будани заминаи зарурии моддию техникӣ таълиму тарбияи томактабӣ дар шакли марказ (гурӯҳ)-и инкишофи барвақтии кӯдак бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ ташкил карда мешавад. Низомномаи намунавии марказ (гурӯҳ)-и инкишофи барвақтии кӯдакро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
...