ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ МАОРИФ
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2013, №7, мод. 532; с. 2014, №3, мод. 156, №7, қ. 2, мод. 422; с. 2016, №3, мод. 148, №7, мод. 624; с. 2017, №7-9, мод. 581; с. 2018, №5, мод. 278)
(Қонуни ҶТ аз 14.03.2014 № 1081, аз 26.07.2014 № 1125, аз 15.03.2016 № 1295, аз 23.07.2016 № 1346, аз 28.08.2017 № 1462, аз 17.05.2018 № 1527, аз 17.12.2020 № 1738, аз 23.12.2021 № 1832, аз 19.07.2022 № 1905, аз 13.11.2023 № 1995, аз 03.01.2024 № 2035, № 2036, аз 01.03.2024 № 2044)
(Қонуни ҶТ аз 14.03.2014 № 1081, аз 26.07.2014 № 1125, аз 15.03.2016 № 1295, аз 23.07.2016 № 1346, аз 28.08.2017 № 1462, аз 17.05.2018 № 1527, аз 17.12.2020 № 1738, аз 23.12.2021 № 1832, аз 19.07.2022 № 1905, аз 13.11.2023 № 1995, аз 03.01.2024 № 2035, № 2036, аз 01.03.2024 № 2044)
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва принсипҳои асосии сиёсати давлатиро дар соҳаи маориф муайян менамояд.
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- адабиёти таълимӣ - асарҳои хаттӣ ва чопӣ, ки ҳамчун воситаи таълимӣ барои ҳамаи зинаҳои таҳсилот, такмили ихтисос, бозомӯзӣ ва таҳсилоти иловагӣ интишор меёбанд;
- аккредитатсияи давлатии муассисаи таълимӣ - муайян кардани мақоми муассисаи таълимӣ барои пешбурди фаъолияти таълимӣ мутобиқи стандартҳои давлатии таҳсилот;
- аспирант - шахси дорои таҳсилоти олии касбӣ, ки бо мақсади таҳияи рисола ва дарёфти дараҷаи илмии номзади илм дар аспирантура таҳсил менамояд;
- аттестатсияи хатм - тартиби муқаррар намудани мутобиқати мазмун, сатҳ ва сифати тайёрии хатмкунандагони муассисаҳои таълимӣ ба талаботи стандартҳои давлатии таҳсилот;
- аттестатсияи давлатии муассисаи таълимӣ - муайян кардани мутобиқати заминаи моддию техникӣ ва кадрии муассисаи таълимӣ ба талаботи стандартҳои давлатии таҳсилот ва мутобиқати фаъолияти муассисаи таълимӣ тибқи меъёрҳои муқарраршуда;
- баҳогузории маҷмӯӣ ба фаъолият - иҷозатномадиҳии такрорӣ, аттестатсия ва аккредитатсияи давлатии навбатии муассисаи таълимӣ дар шакли муттаҳидшудаи ин амалиёт дар як мӯҳлат;
...