×

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 майи соли 2009 № 531 "Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ"

Санаи амалкуни: 03.01.2024

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2009, №5, мод. 338; с. 2014, №7, қ. 2, мод. 423; с. 2016, №7, мод. 628; с. 2017, №7-9, мод. 584)

(Қонуни ҶТ аз 26.07.2014 № 1126, аз 23.07.2016 № 1350, аз 28.08.2017 № 1465, аз 17.05.2018 № 1529, аз 23.12.2021 № 1835, аз 13.11.2023 № 1996, аз 03.01.2024 № 2037)

(Қонуни ҶТ аз 26.07.2014 № 1126, аз 23.07.2016 № 1350, аз 28.08.2017 № 1465, аз 17.05.2018 № 1529, аз 23.12.2021 № 1835, аз 13.11.2023 № 1996, аз 03.01.2024 № 2037)

Қонуни мазкур сиёсати давлатро дар соҳаи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ муқаррар ва ба танзим дароварда, барои таъмини ҳуқуқҳои конститутсионии ҳар як шахс ҷиҳати дарёфти таҳсилоти олии касбӣ шароит фароҳам меоварад.

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

Моддаи 1. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад (Қонуни ҶТ аз 28.08.2017 № 1465).

Моддаи 2. Мафҳумҳои асосӣ

Мафҳумҳои асосие, ки дар Қонуни мазкур истифода мешаванд:

- аккредитатсия - тартиби муайян намудани мақоми муассисаи таълимӣ дар пешбурди фаъолияти таълимӣ мутобиқи стандартҳои таҳсилоти олии касбӣ;

- аспирант - шахси дорои таҳсилоти олии касбӣ, ки бо мақсади таҳияи рисола ва дарёфти дараҷаи илмии номзади илм дар аспирантура таҳсил менамояд (Қонуни ҶТ аз 17.05.2018 № 1529);

- таҳсилоти дуалӣ - низоми таълим дар зинаҳои таҳсилоти касбӣ, ки дар он қисми назариявӣ дар муассисаи таълимӣ, қисми амалӣ дар истеҳсолот ва ё ҷойи кор амалӣ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2037);

- аттестатсия - тартиби муқаррар кардани мувофиқати мазмун, сатҳ ва сифати омодагии хатмкардагони муассисаи олии таълимӣ ба талаботи стандартҳои давлатии таҳсилоти олии касбӣ аз рӯи соҳаҳои таҳсилот (ихтисос) (Қонуни ҶТ аз 17.05.2018 № 1529);

...

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О высшем и послевузовском профессиональном образовании

(в редакции Закона РТ от 26.07.2014г.№1126, от 23.07.2016г. №1350, от 28.08.2017г.№1465, от 17.05.2018г.№1529, от 23.12.2021г.№1835, от 13.11.2023 №1996, от 03.01.2024 №2037)

(в редакции Закона РТ от 26.07.2014г.№1126, от 23.07.2016г. №1350, от 28.08.2017г.№1465, от 17.05.2018г.№1529, от 23.12.2021г.№1835, от 13.11.2023 №1996, от 03.01.2024 №2037)

Настоящий Закон определяя и регулируя государственную политику в области высшего и послевузовского профессионального образования, создаёт условия для реализации конституционных прав каждого на получение высшего профессионального образования.

ГЛАВА 1. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ

Статья 1. Законодательство Республики Таджикистан о высшем и послевузовском профессиональном образовании

Законодательство Республики Таджикистан о высшем и послевузовском профессиональном образовании основывается на Конституции Республики Таджикистан и состоит из настоящего Закона, других нормативных правовых актов Республики Таджикистан, а также международных правовых актов, признанных Таджикистаном.

Статья 2. Основные понятия

Основные понятия, используемые в настоящем Законе:

- аккредитация - порядок определения статуса образовательного учреждения для проведения образовательной деятельности согласно стандартам высшего профессионального образования;

- аспирант - лицо с высшим профессиональным образованием, обучающееся в аспирантуре в целях подготовки диссертации и получения ученой степени кандидата наук (в редакции Закона РТ от 17.05.2018г.№1529);

- аттестация - процедура установления соответствия содержания, уровня и качества подготовки выпускников учреждения высшего профессионального образования требованиям государственных стандартов высшего профессионального образования по направлениям образования (специальностям) (в редакции Закона РТ от 17.05.2018г.№1529);

- итоговая государственная аттестация студентов - процедура, проводимая с целью определения степени усвоения студентами обязательного государственного стандарта соответствующего уровня образования, по результатам которой им выдается документ о соответствующем образовании;

- бакалавр - начальная (базовая) степень высшего профессионального образования, специалист этой степени осваивает знания, навыки и профессиональное мастерство по теории и практике направлений своей специальности;

...