Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ"
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 6 октябри соли 2021, №522
қабул карда шуд
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 6 октябри соли 2021, №522
қабул карда шуд
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 17 декабри соли 2021, №208
ҷонибдорӣ карда шуд
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 17 декабри соли 2021, №208
ҷонибдорӣ карда шуд
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ" аз 19 майи соли 2009 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2009, №5, мод.338; с.2014, №7 қ.2, мод.423; с.2016, №7, мод.628; с.2017, №7-9, мод.584; с.2018, №5, мод.280) тағйироту иловаи зерин ворид карда шаванд:
1. Дар қисми 3 моддаи 5 калимаҳои "ҷумҳуриявии давлатии идораи маориф" ба калимаҳои "ваколатдори давлатии назорат дар соҳаи маориф ва илм" иваз карда шаванд.
2. Дар қисмҳои 3 ва 8 моддаи 12 калимаҳои "мақомоти ҷумҳуриявии давлатии идораи маориф" ва "мақоми давлатии идораи маориф" ба калимаҳои "мақоми ваколатдори давлатии назорат дар соҳаи маориф ва илм" иваз карда шаванд.
...