Низомномаи Хадамоти назорати давлатии энергетикӣ аз 22 октябри соли 2021, №441

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд


бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 27.08.2025 № 457 аз эътибор соқит дониста шуд

сархати ҳаштуми банди 7 Низомнома то 31 декабри соли 2021 амал мекунад

Замимаи 1

Ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 22 октябри соли 2021,№441

Замимаи 1

Ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 22 октябри соли 2021,№441

НИЗОМНОМАИ ХАДАМОТИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ ЭНЕРГЕТИКӢ

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Хадамоти назорати давлатии энергетикии Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъдХадамот) мақоми ҳокимияти иҷроияи давлатӣ буда, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон назорати давлатии энергетикиро амалӣ менамояд.

2. Хадамот дар нақшаи идоракунии Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.

3. Хадамот дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ва ҳамин низомномаро дастури амал қарор медиҳад.

4. Хадамот фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо ва мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва дигар ташкилотҳо новобаста аз шакли моликият анҷом медиҳад.

...

Утратил силу в редакции пост. Правительства РТ от 27.08.2025 №457

Приложение 1

к постановлению Правительства

Республики Таджикистан

от 22 октября 2021 года, №441

Приложение 1

к постановлению Правительства

Республики Таджикистан

от 22 октября 2021 года, №441

Положение о Службе государственного энергетического надзора

1. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ


1. Служба государственного энергетического надзора Министерства энергетики и водных ресурсов Республики Таджикистан (далее - Служба) является государственным исполнительным органом власти, осуществляющим государственный энергетический надзор в Республике Таджикистан.

2. Служба находится в схеме управления Министерства энергетики и водных ресурсов Республики Таджикистан.

3. Служба в своей деятельности руководствуется Конституцией Республики Таджикистан, нормативными правовыми актами Республики Таджикистан, а также международными правовыми актами, признанными Таджикистаном и настоящим Положением.

4. Служба осуществляет свою деятельность во взаимодействии с министерствами и ведомствами, другими центральными органами исполнительной власти, местными исполнительными органами государственной власти, общественными объединениями, международными и иными организациями, независимо от форм собственности.

2. ЗАДАЧИ СЛУЖБЫ

5. Служба в направление своей деятельности выполняет следующие задачи:

...