ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, №149 ва аз эътибор соқит намудани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 октябри соли 2021, №441
Мутобиқи моддаҳои 56 ва 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1.Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, № 149 «Дар бораи Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон» тағйироти зерин ворид карда шавад:
1)дар банди 2 рақами «266» ба рақами «109» иваз карда шавад;
2)аз банди 3 ҷумлаи дуюм хориҷ карда шавад;
3)дар замимаи 1:
-аз банди 2 калимаҳои «Хадамоти давлатӣ оид ба назорат дар соҳаи энергетика,» хориҷ гардида, калимаи «доранд» ба калимаи «дорад» иваз карда шавад;
-аз сархати бисту ҳаштуми банди 5 калимаҳои «ва сӯзишворию энергетикӣ» хориҷ карда шаванд;
-дар сархатҳои чилу ҳафтум, чилу нуҳум, панҷоҳу якум, панҷоҳу дуюм ва ҳаштоду шашуми банди 5 калимаи «нерӯи» ба калимаи «энергияи» иваз карда шавад;
-сархати шастуми банди 5 хориҷ карда шавад;
-аз сархати сеюми банди 9 калимаҳои «Вазорат ва роҳбарони мақомоти маҳаллии хадамоти тобеи» хориҷ карда шаванд;
-дар сархатҳои даҳум, дувоздаҳум, чордаҳум, понздаҳум, шонздаҳум, ҳабдаҳум ва бистуми банди 9 калимаҳои «хадамотҳо» ва «хадамотҳои» мувофиқан ба калимаҳои «хадамот» ва «хадамоти» иваз карда шаванд;
...