ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба тасдиқи Созишнома дар бораи махсусгардонии бисёрҷонибаи байнидавлатии истеҳсол ва таҳвили тухмии навъҳо ва дурагаҳои зироатҳои кишоварзӣ, кӯчату ниҳолҳои меваю буттамева ва ток
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Созишнома дар бораи махсусгардонии бисёрҷонибаи байнидавлатии истеҳсол ва таҳвили тухмии навъҳо ва дурагаҳои зироатҳои кишоварзӣ, кӯчату ниҳолҳои меваю буттамева ва ток, ки 31 майи соли 2013 дар шаҳри Минск ба имзо расидааст, тасдиқ карда шавад.
2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардида маҳфуздорандаи Созишномаи мазкурро дар бораи аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро гардидани расмиёти дохилидавлатие, ки барои эътибор пайдо кардани Созишномаи мазкур заруранд, огоҳ намояд.
Раиси
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш.Зуҳуров
Раиси
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш.Зуҳуров
ш.Душанбе, 12 ноябри соли 2014, № 1660
ш.Душанбе, 12 ноябри соли 2014, № 1660
Созишнома дар бораи махсусгардонии бисёрҷонибаи байнидавлатии истеҳсол ва таҳвили тухмии навъҳо ва дурагаҳои зироатҳои кишоварзӣ, кӯчату ниҳолҳои меваю буттамева ва ток
Ҳукумати давлатҳои аъзои Созишномаи мазкур, ки минбаъд Тарафҳо номида мешаванд,
вазъи Стратегияи рушди иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро дар давраи то соли 2020, Маҷмӯи чорабиниҳои якҷояи баланд бардоштани амнияти озуқавории давлатҳои аъзои ИДМ, ки бо қарори Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ аз 14 ноябри соли 2008 ва Консепсияи баланд бардоштани амнияти озуқавории давлатҳои аъзои ИДМ, ки бо қарори Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ аз 19 ноябри соли 2010 тасдиқ гардидааст, ба инобат гирифта,
тухмии навъҳо ва дурагаҳои зироатҳои кишоварзӣ, кӯчату зироатҳои меваю буттамева ва токро яке аз омилҳои асосии баланд бардоштани ҳосилнокӣ, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, самаранокии истеҳсолоти кишоварзӣ, ташкили шароити муфид барои беҳтар намудани аҳолӣ бо озуқаворӣ ва баланд бардоштани амнияти озуқавориро дарк намуда,
...