Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 марти соли 2014 № 1076 "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бозори коғазҳои қиматнок"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ БОЗОРИ КОҒАЗҲОИ ҚИМАТНОК"

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 июни соли 2011 "Дар бораи бозори коғазҳои қиматнок" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2011, №6, мод.456) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:,

1. Ба моддаи 7 сархати бисту дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"- тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм" дар бораи ҳама гуна аҳд ва амалиёти шубҳаноки субъектони бозори коғазҳои қиматнок ба мақоми ваколатдори муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм хабар медиҳад. Пешниҳоди чунин маълумот ошкор намудани сирри тиҷоратӣ ва иттилооти махфии бо қонун ҳифзшаванда шуморида намешавад;".

2. Дар моддаи 10:

- қисми 4 бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"4. Санҷиши риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм дар фаъолияти субъектҳои бозори коғазҳои қиматнок аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими бозори коғазҳои қиматнок дар якҷоягӣ бо намояндагони мақоми ваколатдори муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм гузаронида мешавад.";

- қисми 4 қисми 5 ҳисобида шавад.

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш.Душанбе

14 марти соли 2014 № 1076

ш.Душанбе

...

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЯ И ДОПОЛНЕНИЙ В ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН "О РЫНКЕ ЦЕННЫХ БУМАГ"

Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан от 28 июня 2011 года "О рынке ценных бумаг" (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2011 г., №6, ст.456) следующие изменение и дополнения:

1. Статью 7 дополнить обзацем двадцать вторым следующего содержания:

"- в соответствии с положениями Закона Республики Таджикистан "О противодействии легализации (отмыванию) доходов, полученных преступным путем, и финансированию терроризма" информирует уполномоченный орган по противодействию легализации (отмыванию) доходов, полученных преступным путем, и финансированию терроризма обо всех сделках и подозрительных операциях субъектов рынка ценных бумаг. Предоставление таких сведений не является разглашением коммерческой тайны или конфиденциальной информации, охраняемой законом;".

2. В статье 10:

- дополнить частью 4 следующего содержания:

"4. Проверка исполнения законодательства Республики Таджикистан о противодействии легализации (отмыванию) доходов, полученных преступным путем, и финансированию терроризма в деятельности субъектов рынка ценных бумаг проводится уполномоченным государственным органом по регулированию рынка ценных бумаг совместно с представителями уполномоченного органа по противодействию легализации доходов, полученных преступным путем, и финансированию терроризма.";

- часть 4 считать частью 5.

Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.

Президент

Республики Таджикистан                                      Эмомали Рахмон

Президент

Республики Таджикистан                                      Эмомали Рахмон

г. Душанбе,

 от 14 марта 2014 года, № 1076

г. Душанбе,

...