ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ БОЗОРИ КОҒАЗҲОИ ҚИМАТНОК
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2011, №6, мод. 456; е.2014, №3, мод. 151; с. 2015, №11, мод.976)
(Қонуни ҶТ аз 14.03.2014 № 1076, аз 23.11.2015 № 1255, аз 14.11.2016 № 1373)
Қонуни мазкур муносибатҳоеро, ки дар раванди барориш, паҳнкунӣ, гардиш ва пардохти коғазҳои қиматноки эмиссионӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқии эмитент, хусусияти таъсисдиҳӣ ва фаъолияти субъектҳои бозори коғазҳои қиматнок ба вуҷуд меоянд, танзим намуда, тартиби танзим ва назоратро дар бозори коғазҳои қиматнок бо мақсади таъмини амали бехавф, кушода ва самараноки бозори коғазҳои қиматнок, ҳифзи ҳуқуқи сармоягузорон ва дорандагони коғазҳои қиматнок, рақобати боинсофонаи иштирокчиёни бозори коғазҳои қиматнок муайян менамояд.
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- андеррайтинг - аз ҷониби андеррайтер дар асоси созишнома бо эмитента коғазҳои қиматнок гузаронидани обунашавӣ ба коғазҳои қиматнок ё фурӯши коғазҳои қиматноке, ки бо тариқи эмиссияи оммавӣ бароварда шудаанд;
- андеррайтер - иштирокчии касбии бозори коғазҳои қиматнок, ки бо эмитента коғазҳои қиматнок бо ӯҳдадории гузаронидани обунашавӣ ба коғазҳои қиматнок ё фурӯши коғазҳои қиматноки ба тариқи эмиссияи оммавӣ баровардашуда ё таъмини обунашавӣ ба коғазҳои қиматнок ё хариди онҳо аз ҷониби шахсони дигар шартнома мебандад;
- барориши коғазҳои қиматноки эмиссионӣ - маҷмӯи ҳамаи коғазҳои қиматноки як эмитент, ки арзиши номиналии баробар доранд ва ба дорандагони онҳо вобаста аз намуди онҳо андозаи баробари ҳуқуққоро медиҳанд. Ба барориши коғазҳои қиматноки эмиссионӣ рақами ягонаи бақайдгирии давлатӣ дода мешавад, ки он нисбат ба ҳамаи коғазҳои қиматноки эмиссионии барориши мазкур паҳн мегардад. Барориши коғазҳои қиматноки эмиссионӣ бо роҳи бақайдгирии тарҳи барориш амалӣ карда мешавад;
- барориши иловагии коғазҳои қиматноки эмиссионӣ - маҷмӯи коғазҳои қиматнок, ки иловатан ба коғазҳои қиматноки пештар паҳнгардида паҳн карда мешаванд;
- бастаи калони саҳмияҳо - 5 фоиз ва зиёда аз он саҳмияҳои оддии аз тарафи ҷамъияти саҳомӣ баровардашуда;
- бастаи саҳмияҳои назоратӣ - беш аз 50 фоизи саҳмияҳои оддии аз тарафи ҷамъияти саҳомӣ баровардашуда;
...