Низомнома дар бораи қисми тоҷикистонии Комиссияи байнидавлатӣ оид ба ҳамкории ҳарбию иқтисодии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз 4 июли соли 2003, № 313

Санаи амалкуни: 09.08.2014

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.04.2016 № 178 аз эътибор соқит дониста шуд.  

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 4 июли соли 2003 № 313

тасдиқ шудааст

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 4 июли соли 2003 № 313

тасдиқ шудааст

Низомнома дар бораи қисми тоҷикистонии Комиссияи байнидавлатӣ оид ба ҳамкории ҳарбию иқтисодии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.08.2007 № 466, аз 9.08.2014 № 538)

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.08.2007 № 466, аз 9.08.2014 № 538)

1. Қоидаҳои умумӣ

1. Қисми тоҷикистонии Комиссияи байнидавлатӣ оид ба ҳамкории ҳарбию иқтисодии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (минбаъд Комиссия номида мешавад) мақомоти доимоамалкунанда буда, дар Комиссия тарафи Тоҷикистонро намояндагӣ менамояд ва кори худро тибқи шартномаҳои байналмилалӣ ва санадҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуҷҷатҳои миллӣ ва меъёрии ҳуқуқӣ ва ҳамин Низомнома амалӣ менамояд.

2. Қисми тоҷикистоиии Комиссия фаъолияти зеринро анҷом медиҳад:

ҳамоҳангсозии таҳияи комплексӣ ва бо вазорату идораҳои манфиатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қисмҳои миллии Комиссия мувофиқа намудани таклифҳо оид ба масъалаҳои ҳамкории ҳарбию иқтисодии бисёртарафа ва дутарафа дар соҳаи сохтан, истеҳсол ва истифодаи аслиҳаву техникаи ҳарбӣ барои баррасии Комиссия пешниҳод намудани онҳо;

фаъолияти вазорату, идораҳо ва ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба иҷрои қарорҳо ва тавсияномаҳои Комиссия дар масъалаҳои ҳамкории ҳарбию иқтисодӣ ҳамоҳанг месозад.

II. Вазифаҳои қисми тоҷикистонии Комиссия

...

Утратило силу в редакции постановления Правительства РТ от 29.04.2016г. №178

"УТВЕРЖДЕНО"

постановлением Правительства

 Республики Таджикистан

от 4 июля 2003 года № 313

"УТВЕРЖДЕНО"

постановлением Правительства

 Республики Таджикистан

от 4 июля 2003 года № 313

ПОЛОЖЕНИЕ о таджикской части Межгосударственной комиссии по военно-экономическому сотрудничеству государствучастников Содружества Независимых Государств

(в редакции Постановления Правительства РТ от 31.08.2007г.№466, от 09.08.2014г. №538)

(в редакции Постановления Правительства РТ от 31.08.2007г.№466, от 09.08.2014г. №538)

I. Общие положения

1. Таджикская часть Межгосударственной комиссии по военно-экономическому сотрудничеству государств-участников Содружества Независимых Государств (далее именуется - Комиссия) является постоянно действующим органом, который представляет Таджикскую сторону в Комиссии и проводит свою работу в соответствии с международными договорами и актами Республики Таджикистан, национальными правовыми и нормативными документами и настоящим Положением.

2. Таджикская часть Комиссии осуществляет:

координацию комплексной разработки и согласования с заинтересованными министерствами и ведомствами Республики Таджикистан и национальными частями Комиссии предложений по вопросам многостороннего и двустороннего военно-экономического сотрудничества в области создания, производства и эксплуатации вооружения и военной техники для представления их на рассмотрение Комиссии;

координирует действия министерств, ведомств и организаций Республики Таджикистан по выполнению решений и рекомендаций Комиссии в вопросах военно-экономического сотрудничества.

II. Функции таджикской части Комиссии

...