Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 июли соли 2003, № 313
Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Ҳайати қисми тоҷикистонии Комиссияи байнидавлатӣ оид ба ҳамкории ҳарбию иқтисодии давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 июли соли 2003, № 313 "Дар бораи тасдиқи Низомнома ва ҳайати қисми тоҷикистонии Комиссияи байнидавлатӣ оид ба ҳамкории ҳарбию иқтисодии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил" тасдиқ шудааст, дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
Ҳайати қисми тоҷикистонии Комиссияи байнидавлатӣ оид ба ҳамкории ҳарбию иқтисодии давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (аз рӯи вазифа)
Раиси Комиссия: - муовини Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Муовини Раиси - муовини Вазири мудофиаи Ҷумҳурии
Комиссия: Тоҷикистон - сардори Раёсат оид ба аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ;
Аъзои Комиссия: - сардори шӯъбаи ҳамкориҳои байналмилалӣ ва таъмини ҳуқуқии иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилотҳои байналмилалии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- сардори Раёсати сиёсати савдо ва бозори истеъмолии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- муовими сардори Раёсати буҷетҳои мудофиа ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- сармутахассиси Раёсати мошинсозӣ, саноати мудофиа ва химияи Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- сардори шӯъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- сардори шӯъбаи тайёрии ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
...