Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи суғуртаи ҳатмии давлатии амволи корхонаҳои кишоварзӣ сарфи назар аз шакли моликият
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 03.12.2010, № 650)
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 03.12.2010, № 650)
Суғуртаи корхонаҳои кишоварзӣ, сарфи назар аз шакли моликият, аз бисьёр ҷиҳат ба шароити табиию иқлим вобастагӣ дорад.
Зарарҳои калоне, ки ба соҳаи кишоварзӣ бинобар фалокатҳои табиӣ, номусоидии иқлиму обу ҳаво расонида мешаванд на фақат ба иқтисоди хоҷагиҳои алоҳида, балки ба иқтисоди минтақаҳои том ва тамоми ҷумҳурӣ таъсир мерасонад.
Таҷрибаи кори солҳои қабл афзалияти суғуртаи ҳатмии моликияти корхонаҳои кишоварзии истеҳсолкунандаи маҳсулоти кишоварзиро нисбат ба суғуртаи ихтиёрӣ, ки асосан интихобӣ мебошад, собит мекунад. Дар мавриди суғуртаи ихтиёрӣ ҳаҷми ставкаҳои пардохтҳо нисбат ба суғуртаи ҳатмӣ, махсусан барои корхонаҳои кишоварзие, ки дар минтақаҳои ҳавфноки табиии кишоварзӣ воқеанд, чандинкарата меафзояд, ки ин ба иқтисоди хоҷагиҳои мазкур таъсири манфӣ мерасонад.
Вазъи иқтисодии бисьёр корхонаҳои кишоварзии ҷумҳурӣ имкон намедиҳад, ки ҷиҳати суғуртаи ихтиёрии амвол шартномаҳо баста шаванд. Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Пешниҳоди созмони тиҷоратии бимаи давлатии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзӣ ва ислоҳоти замини Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бобати дар қаламрави ҷумҳурӣ нигоҳ доштани суғуртаи давлатии ҳатмии амволи корхонаҳои кишоварзии истеҳсолкунандаи маҳсулоти кишоварзӣ маъқул дониста шавад.
2. Муқаррар карда шавад, ки:
- пардохтҳои суғуртавӣ дар асоси ҳосилнокии миёнаи панҷ соли охир ва нархҳои ҷорӣ, бо дарназардошти майдонҳои зироаткорӣ барои ҳосили соли ҷорӣ, ҳисоб карда мешаванд;
- чорвои калони шоҳдор аз 2 моҳагӣ, гӯсфанду буз аз 4 моҳагӣ, хукҳо - аз 2 моҳагӣ, аспҳо, уштурҳо, хачирҳо, харҳо аз 6 моҳагӣ - аз ҳодисаҳои талафёбӣ (муриш, ноилоҷ ҳалол ё нобуд кардан) дар натиҷаи фалокатҳои табиӣ, касалиҳои сирояткунанда, заҳролудшавӣ ва сӯхтор бояд суғурта карда шаванд. Ҳайвоноте, ки дар китоби давлатии зот сабт гардидаанд, аз ҳодисаҳои талафёбӣ дар натиҷаи ҳама гуна касалиҳо ва заҳролудшавӣ, фалокатҳои табиӣ, сӯхтор, таъсири ҷараёни барқ ва дигар фалокатҳо суғурта карда мешаванд. Парранда (дар хоҷагиҳо ва дар фабрикаҳои паррандапарварӣ) аз 1 моҳагӣ, ҳайвоноти мӯинадор ва харгӯшҳо аз 4 моҳагӣ ва оилаҳои занбури асал низ бояд суғурта карда шаванд.
- барои пардохтҳое, ки аз рӯи намуди мушаххаси амвол барои соли дахлдор ҳисоб карда мешаванд, ба он корхонаҳои кишоварзие, ки суғуртаи ҳатмии амволаш дар давоми се сол ҷуброн нашудааст - ба андозаи 10 фоиз, чор сол - 20 фоиз, паҷ сол ва зиёда аз он - 30 фоиз имтиёз дода мешавад.
3. Ҳафтод фоизи маблағи фонди захиравии суғуртаи давлатии ҳатмии амволи корхонаҳои кишоварзӣ сарфи назар аз шакли моликият, ки дар тамоми давраи фаъолияти Ширкати давлатии суғуртаи Тоҷикистон "Тоҷиксуғурта" то 1 ноябри соли 2010 ташаккул ёфтааст, ба буҷети ҷумҳуриявӣ пардохта щавад .
...