Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2010 № 650 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба баъзе қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба баъзе қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мувофиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ", Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1) Банди 6 қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 июли соли 1993 №332 "Дар бораи суғуртаи давлатии ҳатмии мусофирон" хориҷ карда шавад.

2) Банди 3 қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 январи соли 1994 №36 "Дар бораи суғуртаи ҳатмии давлатии амволи корхонаҳои кишоварзӣ сарфи назар аз шакли моликият" дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"3. Ҳафтод фоизи маблағи фонди захиравии суғуртаи давлатии ҳатмии амволи корхонаҳои кишоварзӣ сарфи назар аз шакли моликият, ки дар тамоми давраи фаъолияти Ширкати давлатии суғуртаи Тоҷикистон "Тоҷиксуғурта" то 1 ноябри соли 2010 ташаккул ёфтааст, ба буҷети ҷумҳуриявӣ пардохта щавад.

Тибқи натиҷаҳои соли 2010, аз 1 январи соли 2011 оғоз намуда, минбаъд даромадҳо аз ҳаққи суғуртавии ин намуди суғуртаи ҳатмӣ бо тарҳи:

- ҳаққи хизматрасонии агентҳои суғуртавӣ ба андозаи 5 фоиз,

- маблағҳо барои Фонди тадбирҳои пешгирикунӣ ба андозаи 2 фоиз,

- пардохтҳои суғуртавӣ барои ҳолатҳои ҳодисаҳои суғуртавии воқеан рухдода, даромади Ширкати давлатии суғуртаи Тоҷикистон "Тоҷиксуғурта" дониста шаванд.

70 фоизи ин маблағҳо баъди ситонидани андозҳо, ба буҷети ҷумхуриявӣ гузаронида шуда, 30 фоизи он барои пешбурди кор дар Ширкати давлатии суғуртаи Тоҷикистон "Тоҷиксуғурта" нигоҳ дошта шавад.".

3) Банди 7 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 июни соли 1996 №264 "Дар бораи суғуртаи давлатии ҳатмии масъулияти шаҳрвандии соҳибони воситаҳои нақлиёт" дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"7. Ҳафтод фоизи маблағи фонди захиравии суғуртаи давлатии ҳатмии масъулияти шаҳрвандии соҳибони воситаҳои нақлиёт, ки дар тамоми давраи фаъолияти Ширкати давлатии суғуртаи Тоҷикистон "Тоҷиксуғурта" то 1 ноябри соли 2010 ташаккул ёфтааст, ба буҷети ҷумҳуриявӣ пардохта шавад.

Тибқи натиҷаҳои соли 2010, аз 1 январи соли 2011 оғоз намуда, минбаъд даромадҳо аз ҳаққи суғуртавии ии намуди суғуртаи ҳатмӣ бо тарҳи:

...

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О внесении изменений и дополнений в некоторые постановления Правительства Республики Таджикистан

В соответствии со статьей 42 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах", Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1) Исключить пункт 6 постановления Совета Министров Республики Таджикистан от 8 июля 1993 года № 332 "О государственном обязательном страховании пассажиров".

2) Пункт 3 постановления Совета Министров Республики Таджикистан от 28 января 1994 года № 36 "О государственном обязательном страховании имущества сельскохозяйственных предприятий независимо от форм собственности" изложить в следующей редакции:

"3. Семьдесят процентов суммы резервного фонда по государственному обязательному страхованию имущества сельскохозяйственных предприятий независимо от формы собственности, образовавшейся за всё время деятельности Таджикской государственной страховой компании "Точиксугурта" на 1 ноября 2010 года, оплатить в республиканский бюджет.

По результатам 2010 года, начиная с 1 января 2011 года, в дальнейшем доходы от страховых взносов по данному виду обязательного страхования за вычетом:

- комиссионного вознаграждения страховых агентов в размере 5 процентов,

- средств для Фонда предупредительных мероприятий в размере 2 процента,

- страховые выплаты по фактически происшедшим страховым случаям, считать доходов Таджикской государственной страховой компании "Точиксугурта",

70 процентов этих средств после вычета налогов, направить в республиканский бюджет, 30 процентов оставить в Таджикской государственной страховой компании "Точиксугурта" на ведение дела.".

3) Пункт 7 постановления Правительства Республики Таджикистан от 10 июня 1996 года № 264 "О государственном обязательном страховании гражданской ответственности владельцев транспортных средств", изложить в следующей редакции:

"7. Семьдесят процентов суммы резервного фонда по государственному обязательному страхованию гражданской ответственности владельцев транспортных средств, образовавшейся за всё время деятельности Таджикской государственной страховой компании "Точиксугурта" на 1 ноября 2010 года, оплатить в республиканский бюджет.

По результатам 2010 года, начиная с 1 января 2011 года, в дальнейшем доходы от страховых взносов по данному виду обязательного страхования за вычетом:

...