Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2006, № 359 "Дар бораи Таснифи ягонаи умумиҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҳзани мутамаркази иттилооти ҳуқуқӣ"

Санаи амалкуни: 01.03.2018

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Таснифи ягонаи умумиҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҳзани мутамаркази иттилооти ҳуқуқӣ

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.10.2009 № 619, аз 1.03.2018 № 99)

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.10.2009 № 619, аз 1.03.2018 № 99)

Мутобиқи моддаи 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" ва бо мақсади ташаккули Манбаи марказонидашудаи иттилооти ҳуқуқӣ ва мубодилаи автоматикунонидашудаи байни мақомоти давлатӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.10.2009 № 619, аз 1.03.2018 № 99):

1. Таснифи ягонаи умумиҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад (замима мегардад) (қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.10.2009 № 619).

2. Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- пешбурди Таснифи ягонаи умумиқуқукии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таьмин намояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.10.2009 № 619);

- картотекаи баҳисобгирӣ ва систематизатсияи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар асоси Таснифи ягонаи умумиҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия намуда, ба он ҳамчунин санадҳои меъёрии ҳуқуқии умумиҳатмии вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, дигар мақомоти давлатӣ ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳотро ворид намоянд, бақайдгирӣ ва нашри минбаъдаи онҳоро тибқи тартиби муқарраргардида таъмин кунад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.10.2009 № 619);

- хориҷ карда шуд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.10.2009 № 619);

- таъсис ва пешбурди Маҳзани мутамарказӣ иттилооти ҳуқуқиро дар ҳомилҳои қогазӣ ва мошинӣ таъмин намоянд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.10.2009 № 619);

- дастурамали аз мақомоти давлатӣ дар ҳомилҳои қоғазӣ ва мошинӣ гирифтани иттилооти ҳуқуқиро таҳия ва тасдиқ намоянд.

3. Вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, дигар мақомоти давлатӣ ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ истифодаи Таснифи ягонаи умумиҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар фаъолияти худ таъмин намоянд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.10.2009 № 619).

4. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои ин қарор ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағҳои заруриро пешбинӣ намояд.

...

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О Едином общеправовом классификаторе Республики Таджикистан и Централизованном банке правовой информации

(в редакции Постановления Правительства РТ от 31.10.2009г.№619, от 01.03.2018г.№99)

(в редакции Постановления Правительства РТ от 31.10.2009г.№619, от 01.03.2018г.№99)

В соответствии со статьей 15 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" и в целях формирования Централизованного банка правовой информации и автоматизированного обмена между государственными органами Правительство Республики Таджикистан постановляет (в редакции Постановления Правительства РТ от 01.03.2018г.№99):

1. Утвердить Единый общеправовой классификатор Республики Таджикистан (прилагается).

2. Министерству юстиции Республики Таджикистан:

- обеспечить ведение Единого общеправового классификатора Республики Таджикистан;

- составить картотеку учета и систематизации нормативных правовых актов Республики Таджикистан на основании Единого общеправового классификатора Республики Таджикистан и включить в нее также общеобязательные нормативные правовые акты министерств, государственных комитетов, иных государственных органов и местных органов государственной власти, органов самоуправления поселков и сел, обеспечив в дальнейшем их регистрацию и опубликование в установленном порядке;

- исключен (в редакции Постановления Правительства РТ от 31.10.2009г. №619);

- обеспечить создание и ведение Централизованного банка правовой информации на бумажных и машинных носителях;

- разработать и утвердить Инструкцию о получении правовой информации на бумажных и машинных носителях от государственных органов.

3. Министерствам, государственным комитетам, иным государственным органам и местным органам государственной власти в своей деятельности обеспечить использование Единого общеправового классификатора Республики Таджикистан.

4. Министерству финансов Республики Таджикистан предусмотреть в государственном бюджете необходимые средства Министерству юстиции Республики Таджикистан для реализации данного постановления.

...