×

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2006, № 168 "Дар бораи хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ"

Санаи амалкуни: 16.04.2012

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

бо Қонуни ҶТ аз 15.03.2023 № 1955 аз эътибор соқит дониста шуд

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ

(Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 815)

(Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 815)

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва ташкилии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасониро муайян намуда, расмиёти ягонаи вобаста ба хариди давлатии мол, кор ва хизматрасониро, ки пурра ё қисман аз ҳисоби маблағҳои давлатӣ барои эҳтиёҷоти Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад, муқаррар менамояд.

Қонуни мазкур фазои ягонаи иқтисодӣ дар хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ, истифодаи мақсадноки маблағҳои давлатӣ, васеъ намудани доираи иштирокчиён, тавсиаи рақобати бовиҷдонона ва инчунин такмили фаъолияти мақомоти ҳокимияти иҷроияро дар хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ танзим менамояд.

БОБИ 1. МУқАРРАРОТИ УМУМӣ

Моддаи 1. Доираи амали Қонуни мазкур

Қонуни мазкур нисбат ба ҳамаи хариди давлатӣ, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад, ба истиснои хариди давлатӣ ҷиҳати таъмини мудофиаи миллӣ, амнияти миллӣ, сирри давлатӣ, металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, инчунин барои рафъи оқибати ҳолатҳои фавқулодда ва дигар ҳолатҳои ногаҳонӣ тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ мегардад (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 815).

Моддаи 2. Мақсади Қонуни мазкур

Мақсади Қонуни мазкур аз инҳо иборат аст:

- таъмини сарфакорӣ ва самарабахшии хариди давлатӣ;

- тавсиаи доираи иштирок ва рушди рақобат байни молрасонҳо (пудратчиён) дар соҳаи хариди давлатӣ;

- таъмини шаффофият ва беғаразии расмиёти хариди давлатӣ;

...

Утратил силу в редакции Закона РТ от 15.03.2023 №1955

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О ГОСУДАРСТВЕННЫХ ЗАКУПКАХ ТОВАРОВ, РАБОТ И УСЛУГ

(в редакции Закона РТ от 16.04.2012г.№815)

(в редакции Закона РТ от 16.04.2012г.№815)

Настоящий Закон, определяя правовые, экономические и организационные основы государственных закупок товаров, работ и услуг, устанавливает единые правила и процедуры, связанные с государственными закупками товаров, работ и услуг, осуществляемых полностью или частично за счет государственных средств Республики Таджикистан.

Настоящий Закон регулирует единое экономическое пространство по государственным закупкам товаров, работ и услуг, целевое использование государственных средств, расширение круга участников, расширение справедливой конкуренции, а также совершенствование деятельности органов исполнительной власти в государственных закупках работ и услугах.

Глава 1. Общие положения

Статья 1. Сфера действия настоящего Закона

Действие настоящего Закона распространяется на все государственные закупки, осуществляемые на территории Республики Таджикистан, за исключением государственных закупок для обеспечения национальной обороны, национальной безопасности, государственных секретов, драгоценных металлов и драгоценных камней, а также для ликвидации последствий чрезвычайных ситуаций и других экстренных случаев в соответствии с решением Правительства Республики Таджикистан (в редакции Закона РТ от 16.04.2012г.№815).

Статья 2. Цель настоящего Закона

Целью настоящего Закона являются:

- обеспечение экономичности и эффективности государственных закупок;

- расширение участия и развития конкуренции между поставщиками (подрядчиками) в сфере государственных закупок;

- обеспечение прозрачности и беспристрастности процедуры государственных закупок;

...