Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 апрели соли 2012, № 815 "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТИИ МОЛ, КОР ВА ХИЗМАТРАСОНӢ"

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2006 "Дар бораи хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2006, №3, мод. 158) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Ба моддаи 1 баъд аз калимаҳои "сангҳои қиматбаҳо" калимаҳои ", инчунин барои рафъи оқибати ҳолатҳои фавқулодда ва дигар ҳолатҳои ногаҳонӣ тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" илова карда шаванд.

2. Дар моддаи 3:

- дар қисми 1 калимаи "буҷети" ба калимаи "маблағи" иваз карда шавад;

- ба қисми 2 баъд аз сархати дуюм сархати нав бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"- маблағи муассисаҳо ва дигар ташкилотҳое, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти ҳокимияти давлатӣ таъсис додаанд;";

- қисми 15 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"15. Ҳадди камтарини маблағи харид - нишондиҳандаест, ки барои моддаи хароҷоти гурӯҳбандии иқтисодии буҷетӣ барои як семоҳа муқаррар шуда, то расидан ба он ташкилоти харидор ҳуқуқ дорад харидро бо тартиби соддакардашуда анҷом диҳад. Ҳадди камтарини маблағи харид барои хариди мол ба дусаду панҷоҳ, барои кор ва хизматрасонӣ ба сесаду панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар аст.".

- қисми 7 хориҷ карда, қисмҳои 8, 9, 10, 11, 12, 13, 14, 15, 16, 17, 18 ва 19 мувофиқан қисмҳои 7, 8, 9, 10, 11, 12, 13, 14, 15, 16, 17 ва 18 ҳисобида шаванд.

3. Ҷумлаи якуми моддаи 6 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"Бо мақсади татбиқи муқаррароти Қонуни мазкур ҳангоми иҷрои расмиёти хариди давлатӣ огоҳнома ва (ё) хабардиҳие эътироф карда мешаванд, ки дар шакли хаттӣ таҳия гардидаанд, ба истиснои ҳолатҳое, ки қисми 1 моддаи 45 Қонуни мазкур пешбинӣ намудааст.".

4. Дар моддаи 8:

- қисми 1 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

...

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ И ДОПОЛНЕНИЙ В ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН "О ГОСУДАРСТВЕННЫХ ЗАКУПКАХ ТОВАРОВ, РАБОТ И УСЛУГ"

Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан "О государственных закупках товаров, работ и услуг" от 3 марта 2006 года (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2006 год, №3, ст. 158) следующие изменения и дополнения:

1. Статью 1 после слов "драгоценных камней" дополнить словами ", а также для ликвидации последствий чрезвычайных ситуаций и других экстренных случаев в соответствии с решением Правительства Республики Таджикистан".

2. В статье 3:

- в части 1 слова "государственного бюджета" заменить словами "государственных средств";

- часть 2 после абзаца второго дополнить новым абзацем следующего содержания:

"- средств учреждений и других организаций, учрежденных Правительством Республики Таджикистан, органами государственной власти;";

- часть 15 изложить в следующей редакции:

"15. Минимальная пороговая сумма закупки - показатель, устанавливаемый для статьи расходов экономической бюджетной квалификации на квартал, до достижения которого закупающая организация имеет право осуществления закупки в упрощенном порядке. Минимальная пороговая сумма закупки для товаров равняется двустам пятидесяти показателям для расчетов, для работ и услуг - трехстам пятидесяти показателям для расчетов. " .

- часть 7 исключить, части 8, 9, 10, 11, 12, 13, 14, 15, 16, 17, 18 и 19 соответственно считать частями 7, 8, 9, 10, 11,12, 13, 14,15, 16, 17 и 18.

3. Предложение первое статьи 6 изложить в следующей редакции: "В целях реализации положений настоящего Закона при осуществлении процедур государственных закупок действительными признаются уведомления и (или) оповещения, которые выполнены в письменной форме, за исключением случаев, предусмотренных частью 1 статьи 45 настоящего Закона.".

4. В статье 8:

- часть 1 изложить в следующей редакции:

"1. Лицам, уполномоченным представлять закупающую организацию, запрещается:";

...