Бо Қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 21 феврали соли 1996,
№ 77 тасдиқ шудааст
Бо Қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 21 феврали соли 1996,
№ 77 тасдиқ шудааст
Низомномаи танзими пардохти музди меҳнати роҳбарони корхонаҳои давлатӣ ҳангоми бо онҳо бастани шартномаҳои /қарордодҳои/ меҳнатӣ
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.12.2014 № 794)
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.12.2014 № 794)
1. Низомномаи мазкур пардохти музди меҳнати роҳбарони корхонаҳои давлатиро танзим менамояд.
2. Музди меҳнати роҳбар аз ҳисоби маоши хизматӣ ва пардохтҳо аз рӯи Низомномаи мукофотпулӣ /мукофотпулии ҷорӣ аз рӯи натиҷаҳои фаолияти хоҷагӣ, мукофотпулиҳои махсус ва ғайра/, ки аз ҷониби молик тасдиқ ва мувофиқа шудааст, ташаккул меёбад.
3. Маоши хизматии роҳбарон вобаста ба андозаи ставкаи тарифии дараҷаи I коргари касби асосӣ, ки дар Корхонаи мазкур дар асоси шумораи кормандон аз рӯи рӯйхат муайян гардидааст, ба таври инфиродӣ муқаррар карда мешавад:
ЭЗОҲ: Андозаи маоши хизматӣ дар ҳудудҳои зикргардида вобаста ба мушкилии истеҳсолот аз ҷониби роҳбари мақоме, ки ба он ҳуқуқи молик додашудааст, танзим мегардад.
4. Маблағи мукофотпулӣ аз рӯи натиҷаҳои соли ҳисоботӣ аз ҳисоби ҳисаҷудокунӣ аз фоида, ки ба фонди ҳавасмандкунии моддӣ интиқол дода мешавад, муқаррар мегардад. Андозаи мукофотпулӣ аз рӯи натиҷаҳои сол бо дарназардошти собиқаи кори роҳбар дар Корхона ва саҳми меҳнатии ӯ /давраи кори воқеӣ/ пардохта мешавад. Барои пардохти мукофотпулӣ аз рӯи натиҷаҳои сол мақоме иҷозат медиҳад, ки дорои ҳуқуқи молик буда, бо он қарордод /шартнома/ баста шудааст.
Мукофотпулӣ аз рӯи натиҷаҳои сол пас аз супоридани ҳисоботи муқарраргардидаи Корхона пардохта мешавад.
5. Хусусиятҳои истифодаи Низомномаи мазкур дар соҳаҳои алоҳида бо Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа карда мешаванд .
...