Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба баъзе қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Ба қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 июли соли 1993, № 339 "Дар бораи Пажӯҳишгоҳи меҳнати Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон" тағйиру иловаи зерин ворид карда шаванд:
- номи қарор дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Дар бораи Муассисаи давлатии "Пажӯҳишгоҳи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ"-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон";
- дар муқаддимаи қарор баъд аз калимаи "меҳнат" калимаи ",муҳоҷират" илова карда шавад;
- дар банди 1 калимаҳои "Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқикотии меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва "шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ" мутобиқан ба калимаҳои "Муассисаи давлатии "Пажӯҳишгоҳи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ"-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва ", муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ" иваз карда шаванд.
2. Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 феврали соли 1996, № 77 "Дар бораи танзими пардохти музди меҳнати роҳбарони корхонаҳои давлатӣ" тағйироти зерин ворид карда шавад:
- дар банди 5 қарор калимаҳои "Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии" ва "Кумитаи давлатии саноати" мутобиқан ба калимаҳои "Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии" ва "Вазорати саноат ва технологияҳои нави" иваз карда шаванд;
- дар банди 5 Низомномаи танзими пардохти музди меҳнати роҳбарони корхонаҳои давлатӣ ҳангоми бо онҳо бастани шартномаҳои (қарордодҳои) меҳнатӣ калимаҳои "Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии", ба калимаҳои "Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии" иваз карда шаванд.
3. Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 октябри соли 1997, № 462 "Дар бораи дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис додани Комиссияи байниидоравии танзими равандҳои муҳоҷират" тағйироти зерин ворид карда шаванд:
- дар сархати дуюми ҳайати Комиссия калимаҳои "Мудири Шӯъбаи шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии" ба калимаҳои "Сардори Раёсати рушди иҷтимоии" иваз карда шаванд;
- дар сархати сеюми ҳайати Комиссия калимаҳои "Мудири бахши муҳоҷират ва робита бо ҳамватанони бурунмарзии Шӯъбаи шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии" ба калимаҳои "Сармутахассиси Раёсати рушди иҷтимоии" иваз карда шаванд;
...