Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 2 апрели соли 2005 № 123
тасдиқ шудааст
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 2 апрели соли 2005 № 123
тасдиқ шудааст
Низомномаи Комиссияи байниидоравии мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон
1. Ин Низомнома тартиби ташкил ва фаъолияти Комиссияи байниидоравии мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамонро (минбаъдКомиссияи байниидорави), ки дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон" пешбини шудааст, муайян менамояд.
2. Комиссияи байниидорави - мақоми доимоамалкунандаи машваратии байниидоравие мебошад, ки бо мақсади ҳамоҳангсозии фаъолияти вазоратҳо, кумитаҳои давлати, кумитаҳо, идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, корхонаҳо, муассиса ва ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликияташон (минбаъдмақомоти дахлдор) доир ба татбиқи ӯҳдадориҳои ҳуқуқии байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон, таъсис ёфтааст.
3. Комиссияи байниидорави дар фаъолияти худ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон", санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии аз тарафи Тоҷикистон эътироф шуда ва ҳамин Низомномаро мавриди роҳбари қарор медиҳад.
4. Комиссияи байниидорави вазифаҳои зеринро иҷро мекунад:
- асосҳои сиёсати давлати дар соҳаи мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тавсияҳои афзун намудани самаранокии фаъолияти вобаста ба ошкор ва бартарафсозии сабаб ва шароитҳоеро, ки ба пайдошавии хариду фурӯши одамон ва татбиқи фаъолияти хариду фурӯши одамон мусоидат мекунанд, таҳия менамояд;
- маълумот дар бораи миқёс, вазъ ва тамоилҳои хариду фурӯши одамонро ҷамъовари, таҳлил, ҷамъбаст ва мубодила менамояд;
- фаъолияти мақомоти дахлдор доир ба татбиқи ӯҳдадориҳои баналмилали ҷиҳати мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамонро ҳамоҳанг месозад ва ба комиссияҳои назди Ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини татбиқи ӯҳдадориҳои байналмилали дар соҳаи ҳуқуқи инсон ва оид ба ҳуқуқи кӯдак ҳамкори менамояд;
- фаъолияти пешгирии хариду фурӯши одамонро ташкил ва ҳамоҳанг менамояд;
- фаъолияти комиссияҳои минтақавиро ҳамоҳанг месозад, пешниҳодоти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатиро оид ба таъсиси муассисаҳои махсусгардонидашуда барраси менамояд, инчунин ба кори комиссияҳои минтақави ва фаъолияти муассисаҳои махсусгардонидашуда мувофиқи вазифаҳои ба зиммаи онҳо гузошташуда назорат мекунад;
...