Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия дар бораи тартиб ва шароити саҳми иштироки Федератсияи Россия дар сохтмони нерӯгоҳи Сангтӯда-1 аз 16 октябри соли 2004

Санаи амалкуни: 29.04.2008

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия дар бораи тартиб ва шароити саҳми иштироки Федератсияи Россия дар сохтмони нерӯгоҳи Сангтӯда-1

(Протокол аз 29.04.2008с.)

(Протокол аз 29.04.2008с.)

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия, ки минбаъд Тарафҳо номида мешаванд,

бо изҳори ҳавасманди дар таҳкими ҳамкории минбаъдаи мутақобилан судманд дар соҳаи истифодаи оқилонаи захираҳои оби-барқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла тавассути анҷом додани сохтмони Нерӯгоҳи оби-барқии (НОБ) Сангтӯда-1;

мутобиқи муқаррароти Замима ба Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба танзими ӯҳдадориҳои қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Федератсияи Россия дар бобати қарзҳои давлати аз таърихи 09.12.2002 дар бораи пардохти пеш аз мӯҳлати қарзи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Федератсияи Россия аз тариқи ба моликияти Федератсияи Россия вогузор намудани қисмҳои (узели) оптики-электронии "Норак", ки дар моликияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад ва равона кардани қисмати боқимондаи қарз барои маблағгузории сохтмони Нерӯгоҳи оби-барқии Сангтӯда-1 дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар шаҳри Душанбе дар таърихи 16.10.2004 ба имзо расидааст;

қарори Шӯрои байнидавлатии ЕврАзЭС (дар сатҳи сарони давлатҳо) № 131 аз таърихи 27 апрели соли 2003 ва № 169 аз 18 июни соли 2004-ро ба роҳбари гирифта;

ба мақсади таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дӯстона байни ду кишвар,

ба мувофиқаи зерин расиданд:

Моддаи 1

Анҷом додани сохтмон ва дар оянда истифодаи муштараки НОБ-и Сангтӯда-1 (минбаъд мутобиқи матн "Лоиҳа") лоиҳаи инвеститсионии муштарак дар доираи ҳамкориҳои стратеги дар соҳаи истифодаи оқилонаи захираҳои оби-барқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад.

Моддаи 2

Ба мақсади сохтмон ва истифодаи минбаъдаи НОБ-и Сангтӯда-1 Ҷамъияти саҳҳомии тарзи кушода (минбаъд мутобиқи матн "Ҷамъият") созмон дода мешавад.

Моддаи 3

Тарафҳо лоиҳаи инвеститсиониро аз рӯи Принсипи тақсими маҳсулот вобаста ба саҳми Тарафҳо аз рӯи маблағи дар Ҷамъият гузоштаашон амали мекунанд ва маҳсулоти истеҳсолшуда моликияти ҳар яке аз Тарафҳо аз рӯи ҳаҷми саҳми гузоштаи он ба шумор меравад.

...

Соглашение между Правительством Республики Таджикистан и Правительством Российской Федерации о порядке и условиях долевого участия Российской Федерации в строительстве Сангтудинской ГЭС-1

(в редакции Протокола от 29.04.2008г.)

(в редакции Протокола от 29.04.2008г.)

Правительство Республики Таджикистан и Правительство Российской Федерации, именуемые в дальнейшем Сторонами,

исходя из заинтересованности в углублении дальнейшего взаимовыгодного сотрудничества в области рационального использования водно-энергетических ресурсов Республики Таджикистан, в том числе путем завершения строительства Сангтудинской ГЭС-1,

в соответствии с положениями Дополнения к Соглашению между Правительством Республики Таджикистан и Правительством Российской Федерации об урегулировании задолженности Республики Таджикистан перед Российской Федерацией по государственным кредитам от 09.12.2002 г. о досрочном погашении задолженности Республики Таджикистан перед Российской Федерацией путем передачи в собственность Российской Федерации оптико-электронного узла "Нурек", находящегося в государственной собственности Республики Таджикистан, и инвестированию оставшейся части задолженности в строительство Сангтудинской ГЭС на территории Республики Таджикистан, подписанного 16.10.2004 г. в г. Душанбе,

руководствуясь решениями Межгосударственного совета ЕврАзЭС (на уровне глав государств) от 27 апреля 2003 г. № 131 и от 18 июня 2004 г. № 169,

в целях дальнейшего укрепления дружественных отношений между двумя странами, согласились о нижеследующем:

Статья 1

Совместным инвестиционным проектом в рамках стратегического сотрудничества в области рационального использования водно-энергетических ресурсов Республики Таджикистан является завершение строительства и последующая совместная эксплуатация Сангтудинской ГЭС-1 (далее по тексту "Проект").

Статья 2

Для целей строительства и последующей эксплуатации Сангтудинской ГЭС-1 создается Открытое Акционерное Общество (далее по тексту "Общество").

Статья 3

Проект осуществляется Сторонами на принципе раздела продукции, предусматривающем, что доли Сторон в Обществе определяются исходя из размера вложенных в Проект средств, а произведенная продукция является собственностью каждой Стороны в этих долях.

Статья 4
...