Протокол байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба гузаронидани эмиссияи саҳмияҳои Ҷамъияти саҳомии кушодаи "НБО Сангтӯда-1" ва оид ба ворид намудани тағйирот ба Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия дар бораи тартиб ва шартҳои ширкати ҳиссавии Федератсияи Россия дар сохтмони НБО Сангтӯда-1 аз 16 октябри соли 2004 аз 16 октябри соли 2004

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Протокол байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба гузаронидани эмиссияи саҳмияҳои Ҷамъияти саҳомии кушодаи "НБО Сангтӯда-1" ва оид ба ворид намудани тағйирот ба Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия дар бораи тартиб ва шартҳои ширкати ҳиссавии Федератсияи Россия дар сохтмони НБО Сангтӯда-1 аз 16 октябри соли 2004

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия, минбаъд Тарафҳо,

бо дарназардошти манфиатдорӣ дар баанҷомрасонии сохтмон ва истифодабарии муштараки минбаъдаи НБО Сангтуда-1,

мувофиқи Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия дар бораи тартиб ва шартҳои ширкати ҳиссавии Федератсияи Россия дар сохтмони НБО Сангтуда-1 аз 16 октябри соли 2004 (минбаъд - Созишнома);

бинобар афзудани сармояи оинномавии Ҷамъияти саҳомии кушодаи "НБО Санпуда-1" (минбаъд - Ҷамъият) ва ҷиҳати вусъат додани Протоколҳои байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба гузаронидани эмиссияи саҳмияҳои Ҷамъият аз 6 декабри соли 2005 (бо иловаҳо аз 14 марти соли 2006) ва аз 31 июли соли 2006 (бо тағйирот аз 26 феврали соли 2007);

бо мақсади таҳкимбахшии минбаъдаи муносибатҳои дӯстонаи байни ду давлат,

оид ба масъалаҳои зерин ба мувофиқа омаданд:

Моддаи 1

Бо мақсади ташаккули сармояи оинномавии Ҷамъият Тарафҳо эмиссияи саҳмияҳои Ҷамъиятро мегузаронанд.

Саҳмияҳои Ҷамъият байни саҳмдорон мутаносибан ба андозаи маблағҳое, ки ҳар як саҳмдор барои зиёд намудани сармояи оинномавии Ҷамъият равона менамояд, тақсим карда мешаванд.

Моддаи 2

Тарафҳо қарор қабул менамоянд, ки барориши навбатии саҳмияҳои Ҷамъият аз ҳисоби:

1) воситаҳои пулӣ ба маблағи умумии 6574309 доллари ИМА интиқолдодашудаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2007 ба манфиати Ҷамъият дар асоси Нақшаи пардохтҳо оид ба қарзи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Федератсия Россия, дар қисми пардохт намудани 50 млн. доллари ИМА аз ҷониби Тоҷикистон ба ҳиссаи иштироки тарафи Россия дар лоиҳаи ба анҷом расонидани сохтмони НБО Сангтуда-1 (минбаъд - Нақшаи пардохтҳо) ва саҳмияҳои баровардашудаи Ҷамъият дар солҳои 2006-2007 истифода бурда нашудаанд;

2) воситаҳои пулӣ ба маблағи 15 млн. доллари ИМА, ки бояд аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи Нақшаи пардохтҳо ба ҳисоби Ҷамъият гузаронида шаванд;

3) аз буҷети федералӣ ба маблағи умумии 5 000 млн. рубл, ки бояд аз ҷониби Федератсияи Россия дар шахси Вазорати саноат ва энергетикаи Федератсияи Россия барои зиёд намудани сармояи оинномавии Ҷамъият тибқи қонунгузории буҷетии Федератсияи Россия ба Ҷамъият интиқол дода шаванд;

...

ПРОТОКОЛ

между Правительством Российской Федерации и Правительством Республики Таджикистан о проведении эмиссии акций открытого акционерного общества "Сангтудинская ГЭС-1", и о внесении изменений в Соглашение между Правительством Российской Федерации и Правительством Республики Таджикистан о порядке и условиях долевого участия Российской Федерации в строительстве Сангтудинской ГЭС-1 от 16 октября 2004 года

Правительство Российской Федерации и Правительство Республики Таджикистан, далее именуемые Сторонами,

исходя из заинтересованности в завершении строительства и последующей совместной эксплуатации Сангтудинской ГЭС-1,

в соответствии с Соглашением между Правительством Российской Федерации и Правительством Республики Таджикистан о порядке и условиях долевого участия Российской Федерации в строительстве Сангтудинской ГЭС-1 от 16 октября 2004 года (далее - Соглашение),

в связи с увеличением уставного капитала открытого акционерного общества "Сангтудинская ГЭС-1" (далее- Общество) и в развитие Протоколов между Правительством Российской Федерации и Правительством Республики Таджикистан о проведении эмиссий акций Общества от 6 декабря 2005 года (с дополнениями от 14 марта 2006 года) и от 31 июля 2006 года (с изменениями от 26 февраля 2007 года),

в целях дальнейшего укрепления дружественных отношений между двумя государствами,

согласились о нижеследующем:

Статья 1

В целях формирования уставного капитала Общества Стороны проводят эмиссию акций Общества.

Акции Общества распределяются между акционерами пропорционально суммам средств, направляемых на увеличение уставного капитала Общества каждым акционером.

Статья 2

Стороны принимают решение о проведении эмиссии акций Общества за счет:

1) средств в общей сумме 6574309 долларов США, перечисленных в 2007 года Министерством финансов Республики в ПОЛЬЗУ Общества в соответствии с Графиком платежей по долгу Республики Таджикистан перед Российской Федерацией, в части внесения 50 млн. долларов США Таджикской Стороной в долю участия Российской Стороны в проекте завершения строительства Сангтудинской ГЭС-1 (далее - График платежей), и неиспользованных в проведенной в 2006-2007 годы эмиссии акций Общества;

2) средств в сумме 15 млн. долларов США, подлежащих перечислению Министерством финансов Республики Таджикистан в пользу Общества в 2008 г. в соответствии с Графиком платежей;

...