Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 4 марти соли 2002 № 93
тасдиқ шудааст
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 4 марти соли 2002 № 93
тасдиқ шудааст
Низомномаи тартиби додани сертификати сифати техникаи автомобилӣ
1. Ин Низомнома принсипҳои умумии ташкили муоинаи (сертификатсияи) ҳолати техникӣ ва тартиб додани гувоҳномаи ҳолати техникии нақлиёти автомобилиро (минбаъд "воситаҳои нақлиёт") муайян мекунад.
2. Мақоми марказии муоинаи ҳолати техникии воситаҳои нақлиёт дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
3. Мақсадҳои асосии муоинаи ҳолати техникии воситаҳои нақлиёт инҳоянд:
- таъмини ҳолати хуби техникии воситаҳои нақлиёт, ки ба шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ хизмат мерасонанд;
- таъсис ва ташаккул додани бозори хизматрасонии нақлиётӣ, ки ба талаботи меъёрию техникии маҷмӯи воситаҳои нақлиёт мувофиқат мекунад.
4. Тамоми воситаҳои нақлиётие, ки дар самтҳои шаҳрӣ, наздишаҳрӣ, байнишаҳрӣ ва байналхалқӣ барои кашонидани бор ва интиқоли мусофирону бағоҷ машғул мебошанд, бояд аз муоинаи техникӣ тузаранд.
5. Мӯҳлатҳои аз муоина гузаштани воситаҳои нақлиёт мутобиқи талаботи ҳуҷҷатҳои танзим аз тарафи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.
6. Муоинаи воситаҳои нақлиёт дар корхонаҳои нақлиётии Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.
...